Ватандӯстӣ - қарзи ҳар як шаҳрванд аст!

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар мақолаи худ «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамчун омили асосӣ ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа», ки дар заминаи Паёми имсолаи Пешвои миллат таълиф гардидааст, бори дигар ба масъалаи хеле муҳим ва зарурии ҷомеа-тарбияи ватандӯстии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки ин бесабаб нест.

Имрӯз дар шароити суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тавсеа ёфтани афкору ақоиди бегона ва ба арзишҳои миллӣ зид масъалаи тарбияи ватандӯстӣ хеле мубрам гардидааст. Э.Насриддинзода дуруст қайд намудааст, ки Пешвои миллат ба масъалаи мазкур дар тамоми баромаду суханрониҳояшон таваққуф менамоянд ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро омили асосии пешрафт ва ҳалли мушкилоти ҷомеа ба қалам медиҳанд. 

Э.Насриддинзода хеле ба маврид тамоми он ҳуҷҷатҳои давлатиеро, ки дар робита ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар ҶТ қабул шудаанд, зикр намуда, таъкид сохтаанд, ки ҳамаи онҳо маҳз барои тақвият бахшидани эҳсоси ватадӯстии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Бешак, илова ба ҳуҷҷатҳои мавҷуда қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар борати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар самти мазкур иқдоми муҳиме ба ҳисоб рафта, омили қавии тарбияи ватандӯстии аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба масъалаи мазкур дахл намуда, хеле оқилона таъкид намуда буданд, ки ободии ватан аз ободии диёр, деҳа, кӯча ва хонаи худ оғоз мегардад. Ватандӯст саъй менамояд, ки хонаи худ, кӯчаи худ, деҳаи худ ва ватани худро обод намояд. Барои он, ки суханони мазкур дар коғаз нею, дар амал татбиқ гарданд, бояд аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи арзишҳои волое, чун дӯст доштани ватан, дӯст доштани фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангии гузашта, донистани таърихи воқеии миллат ва амсоли инҳо тарбия намудан зарур ва ҳатмист.

Иқдомоти мазкур бешак садди азиме хоҳанд буд ба бегонапарастӣ ва пайравӣ аз арзишҳои фарҳангии бегона. Бидуни тардид тарбияи ватандӯстӣ ҳамзамон барои пешгирии ифротгароӣ, ки имрӯз дар ҷомеаи мо пайдо шуда, чун вирус насли  ҷавони кишварро заҳролуд  сохта истодааст, як василаи хеле боэътимод  ва маҳсулбахш низ ба шумор меравад. Зеро шахси ватандӯсту меҳанпарвар ҳеҷ гоҳ дунболи арзишҳое, ки ба миллат,  ватан, мафкураи аҳли ҷомеа,  ояндаи кишвар таъсири манфӣ мерасонанд, намеравад. Баръакс, шахси ватандӯст тамоми нерӯи худро сарф менамояд, то пеши роҳи тавсеа ёфтани афкору ақоиди ифротиро гирад. Ватандӯсти воқеӣ зимни огоҳӣ бо афкори ифротӣ онро барои миллату ватани хеш зарарнок арзёбӣ намуда, ба он муқовимат нишон медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, тарбияи ватандӯстӣ барои имрӯзу ояндаи ҷомеа хеле зарур буда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани талаботҳои он масъулияти шаҳрвандии ҳар меҳанпарасти кишвар аст.  

Э.Насриддинзода дар мақола ба мафҳумҳои муҳиме, чун Ватан, ватандӯстӣ, тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, шарҳи дақиқ ва фаҳмо пешниҳод намуда, бо ин роҳ самти фаъолиятро муайян намудаанд. Қобили зикр аст, ки номбурда мақолаи худро ба маврид ва ҳадафмандона бо чунин суханони ҳакимонаи Пешвои миллат, ки воқеан ҳам хосияти бузурги ҳидояткунандагӣ доранд, ба анҷом расонидааст: «Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд».

 

Абдухалилзода К.

Яндекс.Метрика