Китоби “Осор”-ро Юсуф фарзанди Абӯюсуф аз падараш, аз Абӯҳанифа (р) ривоят кардааст. Санади ривоятҳои ин китоб ба Расул (с) ё саҳобӣ ё тобеӣ, ки Имом раъйи ӯро писандидааст мерасад. Бинобар ин, китоби мазкур, дар ҳоле, ки иснод ба Абӯҳанифа (р) дода шудааст, маҷмӯае аз фатвоҳоест, ки Имом аз гуфтаҳои фуқаҳои Куфа ихтиёр намуда, ё мухолифати онҳо бо овардани далили он кардааст. Ин китоб ба унвонҳои фиқҳӣ тартиб дода шуда, аз се назар арзиши баланди илмӣ дорад:
а) Ривоятҳои ин китоб ба шакли муснад ба Абӯҳанифа (р) мерасад, ки хонандаро бо бахше аз ривоятҳои Имом ошно сохта, ҳадисҳоеро, ки ӯ дар истинботи аҳком ва фатвоҳояш ба онҳо эътимод кардааст, муаррифӣ менамояд.
б) Китоби ёдшуда барои мо чигунагии истифодаи Абӯҳанифаро аз фатвои саҳоба ва тартиби гирифтани ҳадисҳои мурсал ва адами шарт будани рафъ(бевосита ба Паёмбар (с) расидани ҳадис) дар он баён мекунад. Ба таври умумӣ ба мо нишон медиҳад, ки Абӯҳанифа (р) дар ривоятҳои мӯътамад чӣ чизро шарт мегузорад.
в) Дар ин китоб бахше аз фатвоҳои тобиъин аз фуқаҳои Ироқ махсусан фуқаҳои Куфа ҷамъоварӣ шудааст. Бинобар ин, метавон гуфт, ин китоб дарбаргирандаи маҷмӯаи фиқҳиест, ки назди фуқаҳои Ироқ маъруф буда, онро меомӯхтанд ва масоилро бар асоси он истинбот ва бино менамуданд. Ба сабаби пажӯҳиш дар ин маҷмӯа ва дигар маҷмӯаҳои ривоятшуда, аз Абӯҳанифа (р) ва ҳалқаеро, ки дар он истинбот кардааст, мақому мартабаи ӯро ба шакли умумӣ дар байни муҷтаҳидин мешиносем.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.