(Бардошт аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Оғоз аз солҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвар Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи роҳсозию роҳкушоӣ диққат махсус медоданд. Сабаби он ҳам равшан буд, чунки Иттиҳоди Шўравӣ бо он ҳама бузургиаш натавонист рафтуомади мардумро дар фасли сармо таъмин созад. Кишвари азизамон Тоҷикистон дар тӯли 6-7 моҳ ба се қисмат аз ҳам ҷудо буданд.Сокинони Бадахшон бо ҳама мушкилиашон дар шарқи кишвар, мардуми Суғд дар шимоли кишвар ва вилояти Хатлон дар ҷануб имконияти рафтуомад бо ҳамро надоштанд.
Ҷаноби Олӣ, баъди каме ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар дар андешаи ба як кишвари воҳид ва транзитӣ табдил додани мамлакат гардиданд. Оғози сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб ва сохтмони нақби Истиқлол дар ағбаи Анзобро баъзе шахсони нотавонбинону мухолиф нодуруст талаққӣ карда мегуфтанд, ки Иттиҳоди Шўравӣ бо ҳама бузургиаш натавонист нақби ағбаи Анзобро созад, Тоҷикистони ҷангзада бо ин буҷаи камбағалона аз куҷо метавонад нақбу роҳ созад.
Аммо Пешвои муаззами миллат бо иродаи қаввӣ ва матонати ба худашон хос ба ин кор камари ҳиммат бастанд ва хуб ҳам дарк карда буданд, ки бе бунёди роҳҳо ва нақбҳои ҳозиразамон дар бораи пешравию тараққии кишвар орзў ҳам карда намешавад.
Вақт ҳамчун довари ҳақгӯй бо гузашти ҳамагӣ ду даҳсола дуруст ва ягона дуруст будани андешаи роҳбари давлатро исбот намуд. Имрўзҳо кишвар ба як кишвари транзитӣ табдил ёфтааст.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат доир ба масъалаи мазкур ба тафсил зикр намуданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад. Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад. Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид. Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дорад. Соли 2022 корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд. Илова бар ин, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегардад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо амали гардидани нақшаҳои зикршуда, сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боз ҳам беҳтар гардида, рафтуомади сокинони кишвар ба чор самти мамлакат осон мегардад ва ба ҳамин васила, дустиву рафоқат, ваҳдату ягонагии сарорсарии ватани азизамон Тољикистон боз ҳам таҳким меёбад.
Корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ А.Мирзозода