Мақола

СИЁСИСОЗИИ ДИН ВА ҒАРБИКУНОНИИ СИЁСАТ ТАҲДИДҲО БА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА СИЁСИСТ

Модели демократияи либералӣ дар Тоҷикистон, ки дар он манфиатҳои сиёсии аҳзоби сиёсии дунявӣ ва хусусияти динӣ дошта, дар фазои озодии сухан, гуногунандешӣ, озодии муборизаи сиёсӣ, кӯшиши ба ҳам омадан намуданд, аз дастовардҳои бузурги давлатҳои ҷавони мустақил дар даҳсолаҳои охир ба шумор мерафт. Таҷриба нишон дод, ки ба ин дастовард хатарҳои воқеӣ аз зинаи аввал таҳдид дорад. Ин буд, ки ин модел бо дарназардошти гуногунии ҳадафҳо натавонист ба амният ва истиқлоли сиёсӣ содиқона хизмат намояд.

ОМЕЗИШ ВА МАХЛУТШАВИИ МАФКУРАИ ҶАВОНОН ТАҲДИД БА ИСТИҚЛОЛИ ФАРҲАНГӢ ВА СИЁСӢ

Дар раванди ҷаҳонишавӣ роҳҳои мухталифи истифодаи неруи дохилии давлатҳои миллӣ аз ҷониби кишварҳои бузург ҷихати ҳимояи манфиатҳои молию миллиашон эҳсос мегардад. Ғояи «Бани одам аъзои якдигаранд» мавқеи худро ба андешаи дигари Саъдии бузургвор, ки «Мояи аслу насаб дар даври гардун аз зар аст» дар шароити муосири рушди давлатҳо иваз намудааст.

ДЕМОГРАФИЯ: МАНБАИ ҚУДРАТ ВА Ё ТАҲДИД БА ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ИҚТИСОДӢ

Аз зумраи таҳдидҳое, ки имрӯз ба истиқлоли сиёсӣ ва миллии кишварҳо зарбаи ҷонкоҳ мезанад ин ноаён афзоиш ёфтани аҳолии рӯи замин дар умум ва дар минтақаҳои ҷудогонаи фарҳангу тамаддунҳост. Муҳандисони ҷомеаи нави ҷаҳонӣ ва низоми тозаи сиёсии олам ба мисли меросдиҳандагони қаблии ххуд, роҳҳои мухталифи кам кардани башарро аз ҳисоби халқҳои дигари заиф ва рушднакарда, ҳанӯз ҳам идома медиҳанд. Ин ҳолат вазнини муаянро ба таркиши демографии башар зам менамояд. Умуман афзоши аҳолии халқу миллатҳо, ки табиатан падидаи нек аст, дар асл мушкилиҳои муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ мезананад.

ТАҲДИДҲО БА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ АЗ РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВИИ НИЗОМҲОИ ҲУҚУҚӢ

Дар давраи ҷаҳонишавӣ падидаҳои муҳимми миллӣ, ҳуқуқӣ ва давлатӣ зери зарбаи ноаён қарор мегиранд. Таҳдиде, ки ба низоми ҳуқуқӣ ва фазои маънавии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, аз сарчашмаҳои мухталиф бо шаклҳои гуногун бармеояд, ки мехоҳем нисбат ба баъзе аз онҳо, ки бевосита аз мушкилиҳои дохилии мо маҳсуб мешаванд, диққати хонандаро ҷалб намоем.

Ғарбикунонии мазмуни қонунгузорӣ

МУҲАММАД АРКУН ВА ИСЛОМИ МУОСИР:

Муҳаммад Аркун (1928-2010) муҳаққиқи классикии ақоиди исломӣ, исломшиноси бузург ва эҳтимолан, яке аз мутафаккирони асили ислом дар таърихи он мебошад. Решаи авлодиаш барбарӣ аст. Аллакай, дар кӯдакиаш ӯ бо шаклҳои зиёди табъиз, ки дар он вақт нисбат ба барбарҳо вуҷуд дошт, рӯ ба рӯ омада буд. Аркун забонҳои фаронсавӣ ва арабиро хеле барвақт омӯхт, ки он то андозае барои ба муҳити иҷтимоӣ ворид шудани ӯ кумак кард. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи Алҷазоир (дар риштаи адабиётшиносӣ) ва сипас, дар Сорбонна (Париж, забон ва адабиёти арабӣ) гирифтааст.

Оила меъмори ахлоқ аст (ба муносибати Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар")

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ!

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар таваҷҷуҳи аҳли башар, чи дар гузашта ва ҳозиру оянда қарор дорад, ин ҳамеша тарбияи фарзанд ва чигунагии роҳҳои он мебошад. Тарбияи дурусту солими фарзанд бояд аз даврони дар батни модар будан ва рӯзи таваллуди ӯ оғоз бигирад. Кӯдак мисли лавҳи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст. Зинаи аввали зиндагӣ ва парвариши кӯдак дар он ҷо оғоз меёбад. Тафл ба асоси зиндагӣ ва хубу бадӣ умр дар он ҷо шинос мешавад.

Гражданская общество и религиозное мировоззрение в традиционной обществе

Сегодня много говорят об проблемы, препятствия и предпосылки формирование гражданского общество в постсоветском пространстве. Научно- теоретическое определено роль религии и гражданского общества в исламском регионе, разработано вариантов и методологии формировать и  совместит религия и гражданское общество, но проблема в том что для европейцев  регион видится тоталитарное строй с наследованной коммунистических идеях, где  гражданского общества не находит своё место между государством и обществом, между религиозность и светскость.

Сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити кунунӣ гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба назар мерасад.Қурбониёни бештари ин гурӯҳҳои тундрав ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Ва албатта ин ҳолат боиси ташвишу нигаронист.

Имрўзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва тероризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Чун аксарияти истифодабарандагони шабакаҳои интернетиро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Страницы

Яндекс.Метрика