Оила меъмори ахлоқ аст (ба муносибати Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар")

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ!

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар таваҷҷуҳи аҳли башар, чи дар гузашта ва ҳозиру оянда қарор дорад, ин ҳамеша тарбияи фарзанд ва чигунагии роҳҳои он мебошад. Тарбияи дурусту солими фарзанд бояд аз даврони дар батни модар будан ва рӯзи таваллуди ӯ оғоз бигирад. Кӯдак мисли лавҳи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст. Зинаи аввали зиндагӣ ва парвариши кӯдак дар он ҷо оғоз меёбад. Тафл ба асоси зиндагӣ ва хубу бадӣ умр дар он ҷо шинос мешавад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”. Гар чанде ниҳодҳои иҷтимоӣ: мактаб ва ҷомеа дар таълим ва тарбияи кудак нақши муасире дошта бошанд ҳам, вале оила дар таълиму тарбияи фарзанд нақши меҳвариро бозидааст.

Дар мавзӯи тарбияи фарзанд адибону мутафаккирони форсу тоҷик асарҳои зиёде эҷод кардаанд. Ҳанӯз пеш аз ислом ақидаҳои ахлоқӣ дар китобҳои «Авесто», «Пирӯзнома»-и Бузургмеҳр, «Панднома»-и Анӯшервон дар шакли панду насиҳат баён шудаанд. Ақидаҳои пандуахлоқӣ баъд аз истилои арабҳо ва ҷорӣ гардидани дини ислом дар асарҳои «Адаб-ал-кабир ва адаб-ас-сағир»-и Ибни Муқаффаъ, «Таҳзиб-ул-ахлоқ»-и Ибни Мискавейҳ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Китоб-улахлоқ»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғазолӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ хеле хуб баён гардидаанд. Донишмандону адибон Закариёи Розӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Биноӣ, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ва бисёр дигарон дар мавзӯи одобу ахлоқ ва тарбияи фарзанд асарҳои пурарзише эҷод кардаанд. 

Арзиштарин сарчашмаи омӯзиши масъалаи тарбия, дар эҷодиёти Сино «Тадбири манзил» мебошад, ки дар он шакл ва воситаҳои тарбия ва усулҳои таъсиррасонии педагогӣ ба насли наврас баррасӣ шудаанд. Тарбия ва ташаккули шахсро бояд аз рӯзи таввалуди кӯдак шурӯъ намуд, аз ин рӯ, Сино падари кӯдакро вазифадор мекунад, ки тифли худро номи некӯ гузорад. Замоне, ки кӯдак ҷисман мустаҳкам шуд забон ба талаффузи нутқи гӯё, гӯшҳояш ба шунидан ва дарки калима оғоз намуданд, вуҷудаш қобилияти дарки дониш ва андарзро пайдо кард, бояд ба таълими илм ва ахлоқ пайвандад.

Пайёмбари Худо дар ҳадисе гуфтааст; Аз гаҳвора то гур дониш биҷўй.

Баъзе васиятҳои Абу Ҳанифа ба писараш Ҳаммод;

1.Аввалини он тақво аст, ки ҷавориҳ ва аъзои худро ба хотири тарс аз Худованд аз гуноҳон маҳфуз бидори ва авомир ва дастуроти парвардигоратро ҷиҳати ъубудият ва бандаги ҳамвора ба ҷой овари.

2.Ин, ки ончиро эҳсос карди, ки ба донистан ва омухтани он меҳтоҷи, бештар худро дар ҷаҳлу нодони магзор ва ҳарче сариътар онро биомуз.

3.Касе, ки дар корҳои дин ва дунё ба ў меҳтоҷ нестӣ бо вай нишаст ва бархурд макун.

4.Ин, ки ҳақе ки дигарон зиммаи ту доранд бо инсоф адо кун ва агар ту бар зиммаи дигарон ҳақе дошта боши, ҳаргиз барои худат толиби инсоф машав, магар инки зарурате бошад.

5.Ҳеҷ гоҳ бо мусулмон ё зиммий душмани макун.

6.Бар онче ки Худованд аз моли дунё ва мақому мартаба ба ту иноят карда қвноат кун.

7.Онче дар даст дори бо ҳусну тадбир масраф кун то аз мардум бенаёз боши.

8.Худатро ба чашми дигарон беарзиш магардон.

9.Худатро аз мудохилат дар корҳои пуч ва ло яъни боз бидор.

10.Ҳангоми бархурд бо мардум дар салом додан пешдасти намо, чун сухан гуфти неку бигу, бо мардум хубдусти ва муҳабат пеша кун ва бо бадон мадоро дошта бош.

11.Зикри Худоро бещтар бикун ва дуруду салом бар расули муҷтабо бештар бифрист.

12.Аз дустонат бештар аз душманонат ҳазар кун, чун ки фасод дар маёни мардум густариш ёфтааст чу бас мумкин аст дуст ба душман табдил шавад.

13.Бар ҳамсоя хушрафтори намо ва бар озори ва азияти он сабр намо.

14.Мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро ҳамвора лозим бигир, ва аз ҷоҳилон ва гумроҳон бипарҳез.

15.Дар тамоми корҳо нияти худатро холис гардон, ва дар ҳар сурат кушиш кун ҳалол бихури.

16.То ин, ки солим ҳасти дар маёни тарс ва умед қарор дошта бош, ва бо ҳусни зан ба Худо ва ѓалабаи умед ва бо қалби салим бимир, ки Худованд бахшанда ва меҳрубон аст.

Хулоса, оила аввалин ва муҳимтарин мактаби тарбияви, эҳё ва гул-гул шукуфии истеъдоди фарзанд аст. Ҳар гуна дигаргунӣ ва тағйироти иҷтимоӣ аз он ҷо оғоз ёбад ва ҳар як иқдоми нек пеш аз ҳама дар оила сурат мегирад.

 

Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ                                                           Наботов М.А.

Яндекс.Метрика