ДЕМОГРАФИЯ: МАНБАИ ҚУДРАТ ВА Ё ТАҲДИД БА ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ИҚТИСОДӢ

Аз зумраи таҳдидҳое, ки имрӯз ба истиқлоли сиёсӣ ва миллии кишварҳо зарбаи ҷонкоҳ мезанад ин ноаён афзоиш ёфтани аҳолии рӯи замин дар умум ва дар минтақаҳои ҷудогонаи фарҳангу тамаддунҳост. Муҳандисони ҷомеаи нави ҷаҳонӣ ва низоми тозаи сиёсии олам ба мисли меросдиҳандагони қаблии ххуд, роҳҳои мухталифи кам кардани башарро аз ҳисоби халқҳои дигари заиф ва рушднакарда, ҳанӯз ҳам идома медиҳанд. Ин ҳолат вазнини муаянро ба таркиши демографии башар зам менамояд. Умуман афзоши аҳолии халқу миллатҳо, ки табиатан падидаи нек аст, дар асл мушкилиҳои муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ мезананад. Неруи ҷомеаҳо ва давлатҳо дар самти қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бештар аз имкон муттаҳид шуда раванди рушди ҷомеаҳо ба мушкилиҳои нав ба нав мувоҷеҳ мегарданд.  Барои дуруст идора намудани ин раванди таркиши демографӣ ва коркарди сипари маънавӣ ва иқтисодӣ аз он, зарур аст, ки қабл аз ҳама худи таҳдидро дуруст омӯхта, омилҳои такондиҳандаи онро шинохта, роҳҳои идораи ҳадафмандонаи онро дуруст истифода намоем.

Фаҳми афзоиши демографӣ аз назари мушкилиҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ (Таркиши демографӣ ҳамчун таҳдид)

Афзоиши босуръати аҳолӣ дар хусуси фалокатбор будани садсолаҳои оянда гувоҳӣ медиҳад. Таркиши демографӣ (агар дар асри ХIХ аҳолии сайёра аз 905 млн. то 1 миллиарду 630 млн. зиёд шуда бошад, пас тибқи маълумоти СММ, дар соли 2000 зиёда аз 6 млрд, яъне аҳолӣ дар давоми сад сол 3,7 маротиба афзудааст. Аз рўи маълумоти омории ҷаҳонӣ то моҳи июли соли 2023 шумораи аҳолии замин зиёда аз 8 млрд шудааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки аз соли 2000-ум то соли 2023-ум теъдоди аҳолии сайёра ба беш аз 2 миллиард афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда 33,3% афзоишро мемонад. Ин суръати афзоиш ҷиддӣ баланд аст, ки ба инсоният масъулияти азими таъминотию тартиботиро вогузор менамояд.

Аз ин таҳдид ба мо низ хатарҳост: проблемаи демографӣ ҳанӯз пешорӯи мо истодааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ агар дар ибтидои соли 1990 аҳолии Тоҷикистон 5243, 9 ҳазорро ташкил медод, дар соли 1995 - 5633, 8 ҳазор ва дар соли 2000-ум 6126, 7 ҳазор дар соли 2005-ум 6780, 4 ҳазор ва дар ибтидои соли 2007-ум ба 7063, 8 ҳазор расид. Дар панҷсолаи 1990-1995 афзоиши аҳолӣ 389, 9 ҳазор, дар панҷсолаи дуюм солҳои 1995-2000-ум 492,9 ҳазор ва дар панҷсолаи 2000-2005 - 653,7 ҳазор ва дар ду соли охир 283,4 ҳазор нафар аҳолӣ афзудааст. Яъне афзоиши аҳолӣ дар 17 соли охир ба 1 млн 819,9 ҳазор расидааст. Дар сурати нигоҳ доштани ҳолати муътадили ин суръати афзоиш дар соли 2015 аҳолии кишвар бояд аз 8 миллион гузашта дар ибтидои соли 2025 он ба 10 млн бояд мерасид. Вале суръати воқеии рушди демографӣ аз ин ҳисоби омории мо гузашта, дар моҳи июли соли 2022 ба 10 миллион расид. Ин зиёдшавии аҳолии Тоҷикистон агар аз як ҷониб мояи ифтихор ва бузургии миллат гардад, аз ҷониби дигар хоҳ нохоҳ ҷиҳати қонеи талаботи ин афзоиш аз давлат ва ҳукумат ва умуман аз ҷомеа масъулияту вазифаҳои муайянро тақозо менамояд.

Дар умум афзоиши аҳолӣ дар баробари мояи ифтихор буданаш мушкилии назаррас аст, барои кишваре, ки 93 дар сад кӯҳсор аст. Моро ин раванд на танҳо ба таъмини аҳолӣ ба озуқаворӣ, инчунин ба фарогирии таълими наврасон, ба таъмини маскан, ҷойи зист, таъмини тандурустӣ, мутахассисони касбӣ ва дигар мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳад кард. Вақт нишон дод, ки давлати мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо сарбаландӣ ин мушкилию таҳдидҳои демографиро дар солҳои соҳибистиқлолӣ паси сар намуда истодааст. Ва ин ҳолат моро аз ҳарвақта дида бештар масъулиятнок менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо намуд. Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ин ҳама гувоҳи он аст, таркиши демографӣ хатти сиёсати давлатӣ ва рушди низоми иҷтимоиро сахт ба худ тавъам намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳалталаб назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Шукр, ки то ин муддат давлат ва Ҳукумати мо бо сарбаландӣ аз иҷрои вазифаҳои дар наздаш истода баромада, мушкилиҳои пайдошударо пай дар пай ҳал намуда, неруи инсониро ба имкониятҳои нав табдил додаистодааст.

Мутахассисони соҳаи иқтисод, тиб, омор, дин ва ҳуқуқро зарур аст, ин масъалаҳоро боз ҳам мушаххастар омӯхта, баҳри ҳалли мушкилиҳо пешниҳодҳо намоянд, зеро бо чунин суръат нигоҳ доштани рушди демографӣ, дар оянда вазифаҳо назди Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боз бештар хоҳад шуд. Бо чунин рушди демографӣ, ки беш аз ду баробарро дар си сол ташкил додааст, бо чунин масъулият сохтани муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва бардошти вазифаҳои иҷтимоӣ беш аз ду маротиба, нигоҳ доштани суръати рушди иқтисоди миллӣ, ба миқдори 7% солона кори саҳл нест.

Оянда мушкилиҳо боз зиёдтар хоҳад шуд. Дар тарҳи нақшаҳои барномавии давлатӣ зарур аст ҳаҷми афзоиши аҳолӣ ҳамеша мадди назар гирифта шавад. Танзими мақсадноки тавлид вобаста ба манфиати ҳар як оила ва давлат дар умум вазифаи муҳими ҷомеа мегардад. Зеро таъмини шароити арзандаи зиндагӣ бо чунин суръати тавлид танҳо бо ҷидду ҷаҳди Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон имконнопазир хоҳад буд.

Дар ин самт қабл аз ҳама ҳар як аъзои оила, ҳар як сокини кишвар, ки нияти неки овардани фарзанди навро ба ҳаёт доранд, бояд андеша намоянд, ки фарзанди онҳо дар ҷомеа ба сифати кӣ тарбия меёбад ва ба ҳайси кӣ муаррифӣ мегардад. Аввал ин ки дар чунин ҷомеаи мураккабшудаистодаи иҷтимоӣ ва афзоиши аҳолӣ мақоми арзанда ёфтани фарзанди мо танҳо аз давлат не, балки аз худи мо вобастагӣ дорад.

Сониян бояд ба инобат гирифт, ки пешрафт ва рушди ҷомеа қабл аз ҳама аз аъзои ҳушёр, донишманд ва ҳунарманди он вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре, ки фарзандони ояндаи миллат донишманд, сохибҳунар, соҳибкасб ва ватандӯсту қавиирода бошанд, ба ҳамон андоза мақом ва манзалати миллат ва давлат афзоиш ва рушд намуда, истиқлоли сиёсӣ ва миллии халқ устувор мегардад.

Умед дорем, сари ин масъала танҳо Хукумат не, балки ҳар як аъзои ҷомеа андеша менамоянд.

 

Холиқзода Абдураҳим Ғаффор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Искандаров Шарафҷон Фахриддинович – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика