Муҳаммад Аркун (1928-2010) муҳаққиқи классикии ақоиди исломӣ, исломшиноси бузург ва эҳтимолан, яке аз мутафаккирони асили ислом дар таърихи он мебошад. Решаи авлодиаш барбарӣ аст. Аллакай, дар кӯдакиаш ӯ бо шаклҳои зиёди табъиз, ки дар он вақт нисбат ба барбарҳо вуҷуд дошт, рӯ ба рӯ омада буд. Аркун забонҳои фаронсавӣ ва арабиро хеле барвақт омӯхт, ки он то андозае барои ба муҳити иҷтимоӣ ворид шудани ӯ кумак кард. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи Алҷазоир (дар риштаи адабиётшиносӣ) ва сипас, дар Сорбонна (Париж, забон ва адабиёти арабӣ) гирифтааст. Соли 1956 Аркун ба Страсбург (Фаронса) рафта, дар мактаб ва донишгоҳи он дарс медиҳад. Дар ин давра ӯ ҳамчун мутафаккире ташаккул меёбад, ки то андозае бо фазои интеллектуалии фаронсавии солҳои 1950-1960 иртибот дошт. Аркун соли 1970 рисолаи докториро дифоъ карда, пас аз фаъолият бурданаш ба ҳайси муаллими калон дар Сорбон ва дотсент дар Лион, соли 1980 ба ӯ дар Донишгоҳи Сорбон вазифаи профессорӣ ва инчунин, вазифаи декани факултети таърихи ақоиди арабӣ ва исломӣ пешниҳод шуд. Мубрамияти таълимоти Аркуни ин омезши афгори фалсафаи ғарб ва таҳлили муқоисавӣ он бо назариёти исломи классики мебошад.
Методологияи плюралистие, ки Муҳаммад Аркун коркард намудааст, равишҳои анъанавии таърихӣ ва илоҳиётшиносиро бо равишҳои навоваронаи илмҳои инсоншиносии нимаи дуюми асри ХХ муттаҳид мекунад. Лоиҳаи эпистемологии Аркун барои интиқоди ақидаи исломӣ ва бозбинии афкори исломӣ бунёдитарин шакли тафаккури навмодернии исломӣ мебошад. Он дар заминаи буҳрони экзистенсиалии муосир ва бо дарназардошти дарки амиқ аз бархӯрди фоҷиавии байни маънӣ ва қудрат мураттаб шудааст. Лоиҳаи Аркун дорои қувваи бузурги зеҳнӣ, тадқиқотӣ, озодихоҳӣ ва, ҳатто, инқилобӣ мебошад, ки на танҳо ба ҷомеаҳои мусулмонӣ, балки ба тамоми инсонияти муосир дахл дорад.
БОЗНИГАРИИ СУННАТҲОИ ИСЛОМӢ БО ТОМИЯТИ КУЛЛИ ОН
Бознигарии суннатҳои исломӣ имрӯзҳо як фаъолияти зеҳнии таъхирнопазир ва зарурӣ, аз нигоҳи сиёсиву фарҳангӣ тахрибкунанда ва аз нигоҳи равоншиносию иҷтимоӣ нозук ба шумор меравад. Аслан, мо вазифадорем, ки дар муқоиса бо интиқоди классикӣ вазифаҳои идеологӣ, суистифода аз маъноҳо, гусастагиҳои фарҳангӣ ва номутобиқатиҳои зеҳниро, ки барои аз ҳукми қонун хориҷ кардани ҳар он чизе муттаҳид мегарданд, ки тули садсолаҳо бароямон аз баҳри пазируфтани он ҳамчун ифодакунандаи иродаи илоҳӣ, ки дар ваҳй илоҳӣ зоҳир шуда, тибқи он ҳаёт ба сар бурданамон пешкаш гардидааст, боз ҳам дақиқтар бикушоем. . Аммо чӣ гуна бояд суннатро дар шакли мусбати он мавриди бознигарӣ қарор диҳем, яъне тавассути интиқоди созанда ба он чунин имкон диҳем, ки дар заминаи иҷтимоӣ-таърихие, ки дар муддати сӣ соли охир бакуллӣ тағйир ёфтааст, вазифаҳои навро анҷом дода тавонад? Бешубҳа, мо набояд аз сарнавишти суннат ба таври беандоза нигарон бошем: он ҳамеша интиқоди қотеътарин ва инқилоби хушунатомезро аз сар мегузаронад. Он ҳамчун қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ягонагӣ ва муттасилӣ тули садсолаҳо эҳсос ва хотираигурӯҳиро ташаккул додааст. Аз ин рӯ, мо бояд аз тарзҳои муосири тафаккур, ки аз ҷониби илмҳо дар бораи инсон ва ҷомеа кашф шудаанд, иқтибос намоем. Дар асоси маълумоте, ки ба ин васила аз нав бо ҳам пайванд шудаанд, ба таври асоснок ба омӯзиши мақоми нави муқаррароти илоҳиётшиносӣ шурӯъ карда метавонем. Худ аз худ маълум аст, ки ин гуна масири ҳаракатро то ба охир тай намудан имкон надорад; сухан дар бораи он меравад, ки дар ин кӯшиши аввал зарурати он матлабро муайян кардан лозим аст, ки тафаккури исломӣ бояд анъанаеро эҳё намояд, ки сарвати зотиашро дар таърифи зерин ҳифз намояд:
«Суннат ҳомили чизе бештар аз ғояҳоест, ки қобилияти ҳосил намуда шаклҳои мантиқиро дорад: он ҳаётеро таҷассум мекунад, ки дар айни замон эҳсосот, андешаҳо, эътиқодот, саъю талошҳо ва фаъолиятҳоро дар бар мегирад. Саъю кӯшишҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ метавонанд аз суннат то ба беҳудудӣ, бидуни тиҳӣ сохтани вай сарчашма гиранд. Пас, суннат мулоқоти руҳонии нафсҳоро, ки эҳсос доранд, андеша мекунанд ва дар ягонагӣ бо чунин ормони ватандӯстӣ ё динӣ иродаашонро ба кор мебаранд, дар назар дорад; он дар як вақт шарти пешравӣ ба ҳадде ҳисоб меёбад, ки ба баъзе порчаҳо аз ғӯлаҳои ҳеҷ гоҳ комилан сикканашуда имкон намедиҳад, ки аз ҳаёти ғайриошкоро ба дониши ошкоро гузарад; зеро суннат сарчашмаи ягонагӣ, давомнокӣ ва самаранокӣ буда, дар айни замон ибтидо, оянданигарӣ ва интиҳоест, ки муқаддам аз ҳама гуна омезиши ақоиди созанда буда, аз ҳар як таҳлили худшиносӣ дар нисбати дигарон (рефлескӣ) бартарӣ дорад.
РАВИШИ ТАЪРИХӢ ВА ҶОМЕАШИНОСӢ
Чи тавре ки мушоҳида намудем, гуфтор робитаи тафаккурро бо забон дар назар дорад ва ҳамон тавр биниши таърихро бо чаҳорчӯбаҳои [шаръӣ] ва навиштаҳо, ки барои ифодаи он мутобиқ шуда буданд, таҳмил менамояд. Муаллифони муосир, ҳатто, мусулмононе ба мисли Таҳо Ҳусейн, ки ба эҳёи интиқодии суннатҳои динӣ ва ё фарҳангӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамуданд, намедонанд, ки чи гуна баҳсро ба маҷрои таҳқиқоти қаблӣ, ки дар муддати ду асри аввали ҳиҷрӣ дар истилоҳоти ҷомеашиносии дониш ба қолаб дароварда мешуданд, интиқол бидиҳанд. Хотиррасон намудан кофӣ нест, ки интиқоли шифоҳӣ нисбат ба интиқоли хаттии он бартарӣ дошт. Агар боз ҳам амиқтар ҷӯем, бояд нишон дод, ки чи гуна дар ташак кул ёфтан ва фаъолият намудани тасаввуроти иҷтимоӣ андозагирии [па дидаҳо]-и муъҷизавӣ, устуравӣ, рамзӣ ва маҷозӣ бар мақулаҳои ақлонӣ ва расмиёти мубоҳисавие бартарӣ дошта буд, ки дар робита бо ихтирои қоғаз, такмил ёфтанду паҳншавии хатти арабӣ ва густариши каломмарка зи (логотсентризм)-и юнонӣ рушд меёфтанд. Тамоми таърихи фарҳангии арсаи араб ва исломро бояд аз нигоҳи ин дурнамои дуҷонибаи рақобати байни [суннатҳо]-и шифоҳӣ ва хаттӣ, асотир ва каломи муқаддас (логос), [суннатҳо]-и муъҷизагароӣ ва таҷрибавӣ, муқаддас ва куфромез бозбинӣ кард. Таърихан, суннатҳо ҳамчун шакл ва мазмуни матнӣ зери таъсири ин рақобат қарор дорад; маҳз ҳамин нукта имрӯзҳо бознигарии шакл ва маъниро зарур месозад, зеро тамоми мафҳумҳои муайянкунандае, ки дар ҳаёти ғайриошкоро (ботини)-и муъминон (муқаддас, муъҷизавӣ, устуравӣ, шифоҳӣ, хаттӣ, хаёлӣ, ақлонӣ ва ғайриақлонӣ) дар назар дошта мешаванд, ба фазли таҳқиқоти нави илмҳо дар бораи инсон ва ҷомеа дар раванди гузариш ба дониши зоҳирӣ қарор гирифтаанд.
Бе ягон шубҳаи куллӣ нисбат ба қувваи таҳрикдиҳандаи ин руҳ, мо гуфта метавонем, ки онро ҳамеша василаҳои иҷтимоӣ, яъне изофахоҳӣ, таҳрифҳо, манипулятсияҳои семантикӣ ва матнӣ, инҳирофҳо, афсонаҳо, хаёлбофиҳо ва идеологиясозӣ, ки аз пазириш ва бозистеҳсоли суннат мерос гирифтаанд, миёнаравӣ ме кунанд. Чӣ тавр замони муосир бояд ба чунин таҳаввулоти суннат ворид карда шавад? Оё шаклҳо ва мазмунҳое вуҷуд доранд, ки нисбат ба дигарон ба шаклҳои маъмултарини анъанавии рафтор осонтар мувофиқат шуда метавонанд? Аввалан, мушоҳида мекунем, ки имрӯзҳо сухан на дар бораи он мера вад, ки чи тавр замони муосирро, ки абадӣ ва комилан мусбат буда, дар паҳлуи пешравӣ қарор дорад, ба суннат, ки ҳамчун гузаштаи дур, куҳна шуда, маҳдудкунанда ва манфӣ инкор мешавад, муқобил гузорем. Баръакс, илоҳиётшиносиро ба суннат, ки охириро дар доираи мазмуни мутлақ, мовароуттабиӣ, муқаддас ва зоҳирӣ мегузорад, мувофиқ донистан мум кин нест. Омӯзиши ҷомеаҳои кунунӣ се қувваи бо ҳам дар рақобатбударо ошкор мекунад: • Суннат ба маънои умумӣ ва қадимӣ, ки дар ҳамаи ҷомеаҳо ва сун натҳои қабл аз китобҳои муқаддаси динҳои ваҳйии илоҳӣ ҷой дошт. • Суннати китобҳо, ки то ба ҳол моро иҳота намудааст. • Замони муосир, ки гусастагиро бо қувваҳои собиқ иҷозат додааст, аммо ба пуррагӣ ба он муяссар нагардидааст. Ҳақиқатан, ин се қувва вобаста ба муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва шароити таърихӣ бо та ваҷҷуҳ ба бартарии бештари яке бар дигари онҳо диалектикаи ҳар гуна ҷомеаро ғизо мебахшад. Суннати муқаддас, ки дар се дини яккахудоӣ тавлид ёфта буд, ҳамчун замони муосири par excellence зоҳир мегардад, зеро суннатҳои пешинро ба торикии нодонию бенизомӣ (ҷоҳилия) қафо партофтааст.Замони муо сир бо таҷаммуъ ҳангоми зуҳури ҳодисаҳо, асарҳо, арзишҳо, комёбиҳо ва озмоишҳое, ки барои субъекти гурӯҳӣ аҳамият доранд, ба суннат мубад дал мегардад. Шуруъ аз солҳои 1950, тағйирот ончунон босуръат, амиқ ва умумӣ буд, ки суннат пароканда ва аз байн рафт. Дар ҷомеаҳои ба ис тилоҳ ақибмонда ё суннатӣ дар муқоиса бо ҷомеаҳои саноатӣ ё пасосано атӣ, вуҷудият ва оқибатҳои замонаи муосири моддӣ нисбат ба вуҷудият ва оқибатҳои ақлонии онҳо бештар равшану возеҳ ба назар мерасанд. Ман фарқияти байни ин ду ҷанбаи замони муосирро такрор намекунам;8 тамар куз ба шароити таърихии истеҳсол ва саркӯб намудани замони муосир дар Ғарб ва Ислом муфидтар хоҳад буд.
(Идома дорад)...
Мутахасси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ - Қурбоншоев Илҳом н.и.фалсафа