Дар раванди ҷаҳонишавӣ роҳҳои мухталифи истифодаи неруи дохилии давлатҳои миллӣ аз ҷониби кишварҳои бузург ҷихати ҳимояи манфиатҳои молию миллиашон эҳсос мегардад. Ғояи «Бани одам аъзои якдигаранд» мавқеи худро ба андешаи дигари Саъдии бузургвор, ки «Мояи аслу насаб дар даври гардун аз зар аст» дар шароити муосири рушди давлатҳо иваз намудааст.
Ин вазъияти муборизаи манфиатҳо думболи ҳадафҳои муайяни сиёсию иқтисодӣ бо ҳар роҳу восита ба омезишёбии мафкураи ҷавонон таҳти таъсири фарҳангҳои мухталиф ба таззоди паҳнои мафкуравии ҷомеа оварда мерасонад. Чунин вазъияти ихтилофангези мафкуравӣ дар заминаи озодиҳои конститутсионӣ ва равишҳои демократии интиқолёбанда ба ҷомеаҳои рӯ ба рушд мушкилию печидагиҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодиро ногузир таҳти таъсири неруҳои бегона имконпазир мегардонанд. Дар чунин вазъият вазифаи аслии давлатҳои миллӣ, ҳимоя ва дифоъ аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллист. Зеро маҳз охириҳо имкон доранд сипари маънавии ҳифзи истиқлоли сиёсиро фароҳам оранд.
Шустушӯи мағзҳо ва ё рабудани мафкураи насли нав: таҳдиди нави олами муосир
Тайи солҳои 1994-2007, мутобиқи маълумоти расмӣ дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ 9710 шаҳрванди ҷумҳурӣ таҳсил карданд. Аз онҳо - 1353 ба воситаи вазорати маориф, боқимонда бо роҳҳои гуногун ба донишгоҳҳои хориҷа дохил шудаанд. Онҳоро кӣ фиристод, кӣ тайёр кард ва кӣ дастгирӣ намуд ва онҳо дар пеши худ чӣ гуна мақсадҳо гузоштанд? Барои мо номаълум буд. Албатта, дуруст аст, ки ин савол зебо ва шинам ба талаботи давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нест. Вале агар раванди таълим ва омода намудани мутахассисон дар тамоми кишварҳо мутобиқ ба қонуни некӣ ва хайрхоҳиии башарӣ якзайл ва беолоиш сурат гирифта, сӯиистифода аз неруи онҳо вуҷуд намедошт, ин гуна масъалагузорӣ қобили қабул набуд. Аммо мутассифона чунин нест. Амалия садҳо мисолҳо медонад, ки чи тавр мақомоти ҷосусии кишварҳо ба мағзшуии ҷавонони кишварҳои рӯ ба рушд машғуланд.
Махсусан, таҳсил дар мактабҳо ва мадрасаҳои ғайрирасмии ифротгарои динӣ, ки тафаккур ва рафтори ҷавононро ба вайронӣ мебаранд… Ба ин касе кор надошт. Ба андешаи ҷонибдорони онҳо саволҳои гузошташуда саволҳои ҷомеаи озод нестанд. Ҳол он ки аз ин теъдоди донишҷӯёни хориҷ ангуштшумор ба соҳаи технология ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои кишвар равона шудаанду халос. Шукр, ки ҳоло ин равиш таҳти идрорпулии президентӣ ва Муассисаи давлатии дурахшандагон то ҷое ин мушкилиро пешгирӣ кардааст. Вале ҳанӯз ҳам роҳҳои мухталифу беназорати ҷалби ҷавонон вуҷуд дорад. Ин ҳолат ногузир таҳдид ба мафкураи ҷамъият ва давлат аст. Сазовори қадр аст, ки Роҳбари хирадманди кишвар ин таҳдидро сари вақт дарк намуда баҳри ислоҳи вазъият дастурҳо доданд…
Месазад, ки ин ҷо атрофи се нукта нисбат ба ҷавонони дониши динӣ ва ғайри динии хусусияти идеологӣ ва ҷомеашиносӣ гирифта, таваққуф намуд: 1) ин ҷавонон аз рӯи дараҷаи истеъдод, қобилият ва албатта, дониш эҳтимол аз онҳое, ки дар мактабҳои олии миллӣ таҳсил кардаанд, фарқ мекунанд; 2) зиёда аз панҷ ҳазор хатмкунандагон аллакай дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд; 3) ҳамкории ин хатмкунандагон бо хатмкунандагони мактабҳои олии маҳаллӣ дар соҳаҳои гуногун тадриҷан ба тағйири фарҳанги зиндагӣ, идоракунӣ ва равиши маънавӣ мусоидат карда, усули ташкили кори дигарро ба вуҷуд оварда, моро водор менамояд, ки доир ба мафкураи ояндаи ҷамъият андеша намоем. Дар ин ҷода агар сатҳи савод, маълумот ва равишҳои фикрӣ аз назари меъёрҳои башарӣ нисбат ба сатҳи миллӣ баландтар бошад, сифати маофрипарвариро гирифта имкон дорад ба вуҷуди фарҳанги миллӣ ҳамчун омили прогрессвӣ таъсири мусбат расонад. Агар не, баръакс мо заъфу парешонии мафкураи миллиро аз таъсири фарҳанги бегона эҳсос менамоем.
Ҳамзамон дар ин раванд бояд чи дар самти прогрессивият ва чи дар самти махлутшавии заъфгароёна мо бояд ҳадди ҳимояи манфиатҳои миллиамон, арзишхои сиёсӣ ва ҳуқуқиамонро гум ва беранг нанамоем. Зеро дар пасманзари ин арзишу неъматҳо ҳуввияти истиқлоли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ истодааст. Фаввораи беназорати зеҳни миллии ҷавонон ба сӯи тамаддун ва маданияти бегона ояндаи давлати миллиро камранг ва осебпазир мегардонад.
Имрӯз Роҳбари давлат аз минбарҳои мухталифи ватанию хориҷӣ доир ба худшиносии миллию ватандӯстӣ ҳарф мезананд, баҳри бузургдошти ҷашни фарзандони фарзонаи миллат фармонҳо мебароранд, доир ба ҳушёрию зиракии миллӣ таъкид менамоянд, ин ҳама тезис ва амали холӣ набуда, натиҷаи дарки воқеии зиндагии имрӯз ва фишори хориҷию ҷаҳонӣ ба манфиатҳои миллист, ки баҳри дифоъ аз даъватҳо, таҳдидҳо ҳамчун воситаҳои ҳимоя омода шудааст. Мутассифона, аксари мо ҳанӯз ба пуррагӣ моҳият ва асрори ин таъкиду амалҳоро дарк накардаем.
Мухим он аст, ки имрӯз ҷавонони мо барои гирифтани он донишу илмҳое сафарбар шаванд, ки онҳо тавонанд худ аз назари илмӣ ва фарҳангӣ рушд карда, барои рушди ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоламон хизмат намоянд. Дар ин самт дар баробари масъулини соҳаи маориф ҳар аъзои оила ва падару модарон бояд дуруст андеша намоянд. Фарзанде, ки барои рушди дурусти худ, барои пешрафти ҷомеа ва ватанаш хизмат мекунад, ӯ ҳам худ саодатманд мегардаду ҳам ба атроф накҳати созандагӣ мебахшад. Зеро ӯ дар ҷомеаи мураккаб мавқеи худро ҳамчун унсури пурракунандаи талаботи умумии ҷамъият пайдо намуда, дар раванди ташаккули ваҳдонияти давлат хизматгузор мегардад. Ӯ на танҳо аз ҷониби дигарон идора намешавад, балки худ монеи неруҳои фитнаафкану парокандакунанда гашта ба устувории ҷомеа хизмат менамояд.
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Искандаров Шарафҷон Фахриддинович – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент