Роҳи хирад - беҳтарин роҳ!

Таҳлили раванди ҳодисаҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳама гуна ҷангу ҷидол ахиран бо сулҳ ба анҷом мерасад. Аммо ин сулҳ дар баъзе ҳолатҳо  баъд аз ҷангҳои хунин, қурбон гардидани ҳазорҳо ҷавонони аз зиндагӣ умеддошта, ҷигархун гардидани ҳазорҳо модарони фарзандгумкарда даст медиҳаду дар баъзе ҳолатҳо бидуни хисороти ҷонию молӣ ва дилозурдагии сокинон бо розигию хушнудии тарафайн танинандоз мегардад.

Зинда бод сулҳу дўстии миллатҳо!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

 

«Таърихи Байҳақ» дигар асту «Таърихи Байҳақӣ» дигар

Яке аз бахшҳои таърихнигории мо тоҷикон, ки дар асрҳои миёна рушди бесобиқа доштааст, таърихнигории маҳаллӣ ба шумор меравад. Ин навъи таърихнависӣ дар асрҳои IX-XIII хеле рушд кардааст. Тарғибгари таълифу тадвини таърихҳои маҳаллӣ бештар намояндагони ҳукуматгари силсилаҳои маҳаллӣ будаанд, ки дар шаҳру вилояти гуногун ҳукм меронданд. Ба иборати дигар таърихи маҳаллӣ навъе шаҳршиносӣ дар илми таърихнигории миллӣ аст, ки иттилооти ҷомеъе дар бораи шаҳрҳо, сокинони он, мардони номовару чеҳраҳои дурахшони илму адабу ҳунар ва ҷуғрофияро дар бар мегирад.

Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он ( қисми сеюм)

Ҳақиқат аз нигоҳи мо он аст, ки ёрони Абўҳанифа аз ҷумлаи муҷтаҳидони мустақил буданд ва ҳар яке аз онҳо соҳиби андешаи хосе буд, ки ба раъйи устодаш наздик меомад ё дур мешуд, агарчи усули ҳама ба ҳам наздик буд.

 

Вақте, ки китобҳои Абўҳанифаро мехонӣ, дар бисёре аз андешаҳо хилофро мушоҳида мекунӣ, агарчӣ ин хилоф дар асосҳо нест, лекин дар ҳалли бисёр масоил вуҷуд дорад.Чунин хилофро дар китобҳои Имом Муҳаммад низ ёфтан мумкин аст ва ин кори пайраве нест, ки чизеро аз андешаҳои устодаш ихтиёр кунаду аз он дарнагузарад, то нисбат додани афкор ба ў аз рўи маҷоз бошад.

Маълумоти ҷолиб...

Бузургтарин меҳмонхонаи ҷаҳон, Абраҷ Кудай дар Арабистони Саудӣ бо 10 000 утоқи ҳайратангез, 4 чархбол метавонад дар як вақт 30 000 меҳмонро қабул кунад.

Аз саҳифаи Олами табиат.

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023

Муҳтарам Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо камоли майл аз баргузории ҷаласаи имрӯза истиқбол менамоям ва онро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саривақтӣ медонам.

Ба Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Чаба Короши барои ташкили ин чорабинии муҳим ва ба ҳамаи ҳозирин барои иштирок дар он сипоси худро иброз менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷаҳони имрӯза зери таъсири таҳдиду хатарҳо ва таҳавуллоти амиқ қарор дорад.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак, 24 октябри соли 2022

Ғам махӯр банда, ки ғамхорат манам!

Ғам махӯр банда, ки ғамхорат манам,
Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам,
Дар сари бозори мулки коинот,
Аввалу охир харидорат манам,
Гар ба Ҷаннат меравӣ, бе ман марав,
Чун фурӯғи субҳи дидорат манам,
Гар ба дӯзах меравӣ, з-оташ матарс,
Ғам махӯр онҷо нигаҳ дорат манам,
Меравӣ ҳар ҷо, ки мехоҳӣ бирав,
Боз гардӣ охири корат манам,
Гар туро хонанд бад, дар кори нек ,
Дон, ки ҳар лаҳза нигаҳдорат манам...

Аз саҳифаи Хазинаи маърифат

Страницы

Яндекс.Метрика