Одамият чист? Худро дур аз шар доштан...

⚠️Бузург ўст, ки чун сояи абр бар замин,
Чунон равад, ки дили мўрро наёзорад!
✍️Соиби Табрезӣ.

⚠️Касе, ки ошиқи худбину худнамо бошад,
Ҳамеша бар дари маъшуқ чун гадо бошад!
✍️Зебуннисо.

⚠️Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирўяд, ҷав зи ҷав!
✍️Саъдии Шерозӣ.

⚠️Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар ки моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!
✍️Мирсаид Алии Ҳамадонӣ.

Кишвар аз сарват беҳтар аст !

Агар тавонистед ба магасҳо бифаҳмонед, ки гул аз зубола беҳтар аст, метавонед ба хоинҳои мамлакат бифаҳмонед, кишвар аз сарват беҳтар аст !

Че Гевара

Ҷаҳлу нодонӣ иллати аслии ҳамаи мушкилот аст!

Ҷаҳл иллати аслии ҳамаи мушкилот аст!

(Афлотун)

Мулоқот бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Макразӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.

Иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ карданд.

ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ", 26.10.2022, №40

ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ", 26.10.2022, №40

Аз сомонаи ҲХДТ

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бознашр аз сомонаи http://www.president.tj/node/29427

ДИЛИ МАН

Қасди ҷафоҳо накунӣ в-ар бикунӣ бо дили ман,
Во дили ман, во дили ман, во дили ман, во дили ман!
Қасд кунӣ бар тани ман, шод шавад душмани ман,
В-он гаҳ аз ин хаста шавад ё дили ту, ё дили ман!
Волаву Маҷнун дили ман, хонаи пурхун дили ман,
Баҳри тамошо, чӣ шавад, ранҷа шавӣ бо дили ман!
Хурда шакарҳо дили ман, баста камарҳо дили ман,
Вақти саҳарҳо дили ман рафта ба ҳар ҷо дили ман!
Мурдаву зинда дили ман, гиряву ханда дили ман,
Хоҷаву банда дили ман, аз ту чу дарё дили ман!
Ай шуда устоди амин, ҷуз ба оташ манишин,

Страницы

Яндекс.Метрика