«Таърихи Бухоро» - сарчашмаи нодири таърихӣ ва фарҳангӣ

Тоҷикон дар асрҳои миёна дар ҳамаи бахшҳои илм ба дастовардҳои азим ноил гашта, мероси гаронбаҳое ба ёдгор гузоштаанд. Дар қатори шеъру адабиёт ва осори арзишманди фарҳангӣ, мероси гаронбаҳо дар заминаи таърих низ падид овардаанд. Илми таърихнависии тоҷикон дар ҷаҳон маъруф буда, яке аз қисматҳои оно таърихҳони маҳаллӣ мебошад.

ФАЙЗИИ ДАКАНӢ АЛАЙҲИ ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Шайх Абулфайз ибни Муборак, маъруф ба Файзии Даканӣ, соли 1547 дар шаҳри Аграи Ҳинд таваллуд шудааст. Аз хурдӣ ба омӯхтани илму дониш мепардозад ва аз илмҳои гуногуни замонаш, аз ҷумла забон ва адабиёти форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ, фалсафа, ҳайат, тиб, нуҷум ва улуми динӣ, бархӯрдор мегардад. 

 

Қонуни миллӣ - кафолати зиндагии шоиста

Панҷ сол пеш мо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ яке аз қонунҳои бунёдӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул кардем.

Барои ояндаи дурахшони хеш нақша бояд дошт!

Касе, ки барои ояндаи худаш нақша надошта бошад, ҳамеша ба гузаштааш бармегардад.

کسی که برای آینده خودش نقشه نداشته باشه، همیشه به گذشته خودش برمیگرده.

Бознашр аз саҳифаи Хирад

Се сухани охири Курӯши Кабир:

1.Тобутамро табибон бардоранд то ҳама бидонанд, ки ҳеҷ духтуре наметавонад пеши роҳи маргро бигирад.

2.Тамоми тиллоҳоямро дар роҳи ҳаракатам бирезед то мардум бидонанд, ки моли дунё натавонист маро наҷот диҳад.

3. Дастҳоямро аз тобут берун бигзоред то бидонанд, ки бояд бо дасти холӣ рафт...

Баргардон аз форсӣ:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Фарҳанг чист?

Фарҳанг яъне: узрхоҳӣ нишонаи заъф нест.
☆Фарҳанг яъне: кинаварз набошем.
☆Фарҳанг яъне: либоси гаронқиммат нишонаи бартар будан нест.
☆Фарҳанг яъне: ба ҷойи қудрати садо, қудрати каломамонро болотар бибарем.
☆Фарҳанг яъне: лақабҳои нописанд гузоштан барои дӯст, нишони самимият нест.
☆Фарҳанг яъне: ҳар китоб як таҷриба аст, таҷрибаҳоямонро ба иштирок бигузорем.
☆Фарҳанг яъне: виҷдони корӣ дошта бошем.
☆Фарҳанг яъне: чашм ва ҳамчашмеро канор бигузорем.
☆Фарҳанг яъне: тафовути наслҳоро дарк кунем.

АДАБ БО ПАДАРУ МОДАР

Агар пурсанд, ки адаб бо падару модар кадом аст, бигўй:
• ҳурмати ононро ҳамеша нигоҳ дорад;
• барои моли дунё ва чизу чора нисбати онҳо сахтӣ накунад;
• барои ҳурмат ва хидмате, ки бо падару модар мекунад, миннат накунад;
• ба рўйи онҳо сахт нанигарад;
• чун бихонандаш, зуд ҳозир шавад;
• дар вақти суҳбати онҳо рўй турш накунад;
• ҳар чӣ фармоянд, агар дар он гуноҳе набошад, ба ҷой орад;
• дар сухан гуфтан бо онҳо ва ё бо дигаре дар назди онҳо овоз баланд накунад;
• бе маслиҳати падару модар ба сафар наравад;

АГАР АҲЛИ КИТОБ ХОНДАН НЕСТЕМ, ЭҲТИМОЛАН:

АГАР АҲЛИ КИТОБ ХОНДАН НЕСТЕМ, ЭҲТИМОЛАН:

Страницы

Яндекс.Метрика