Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош!

ҒАЗАЛ

Ҳотами Асам мегӯяд:

Ҳотами Асам мегӯяд: Мардумро дидам, ки ба якдигар ҳасад мекунанд, пас дар ин қавли Худованд назар кардам, ки мегӯяд: "Мо ризқ ва рӯзии эшонро миёнашон қисмат кардем". Пас ҳасадро тарк кардам. Зеро ҳасад, эътироз бар қисмати Худованд аст.

Бознашр аз саҳифаи Хазинаи
маърифат

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст...

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир деҳ қазоро.

Ҳофизи Шерозӣ

Иштирок дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ + Русия”

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ + Русия” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок карданд.

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

ҚОНУНИ МИЛЛӢ - САОДАТИ ЗИНДАГӢ

Агар ба авроқи сабткардаи таърих нигарем, ҳама гуна пешрафту тараққиёти ҷомеаро маҳз дар танзиму тартиботи ҷамъиятӣ мебинем. Танзим аст, ки ҷомеа дар маҷрои муайян идора карда мешавад. Танзими умури ҷамъиятӣ маҳз бо қабули қонуну қарорҳои давлатӣ имконпазир мегардад. Бинобар ин, дар ҳар давру замон идоракунии муносибатҳои ҷамъиятиро маҳз тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ роҳандозӣ кардаанд. 

Аз таҳлилҳои коршиносон маълум гаштааст, ки барои қабули ҳама гуна қарорҳои сиёсию давлатӣ маҳз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату сарҷамъии ҷомеа имкон додааст. 

Мулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Саъдӣ дар баёни ҳикояте мегӯяд:

Мӯсо алайҳи салом, дарвешеро дид аз бараҳнагӣ ба рег андар шуда. Гуфт: Эй Мӯсо! Дуо кун то Худованди азза ва ҷалла маро кафофе диҳад, ки аз бетоқатӣ ба ҷон омадам. Мӯсо дуо кард ва бирафт. Пас аз чанд рӯз, ки аз муноҷот боз омад, мардро дид гирифтор ва халқе анбӯҳ бар у гирд омада. Гуфт: ин чи ҳолат аст? Гуфтанд хамр хурда ва арбада карда ва касеро кушта. Акнун ба қисос фармудаанд...

Страницы

Яндекс.Метрика