Агар ба авроқи сабткардаи таърих нигарем, ҳама гуна пешрафту тараққиёти ҷомеаро маҳз дар танзиму тартиботи ҷамъиятӣ мебинем. Танзим аст, ки ҷомеа дар маҷрои муайян идора карда мешавад. Танзими умури ҷамъиятӣ маҳз бо қабули қонуну қарорҳои давлатӣ имконпазир мегардад. Бинобар ин, дар ҳар давру замон идоракунии муносибатҳои ҷамъиятиро маҳз тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ роҳандозӣ кардаанд.
Аз таҳлилҳои коршиносон маълум гаштааст, ки барои қабули ҳама гуна қарорҳои сиёсию давлатӣ маҳз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату сарҷамъии ҷомеа имкон додааст.
Аз он ҷо, ки мардуми шарифи кишвар аз қадимтарин замонҳо соҳибдину соҳибоинанд, арҷгузоштан ба арзишҳои миллию динӣ ва мероси ниёгонро ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосса қарор медиҳанд. Агар ба таъирихи фарҳангсолорӣ ва тамаддунофарии халқҳои ориёитабор назар кунем, дар воқеъ худ шоҳиди он мешавем, ки суннатҳои мардумии халқи тоҷик падидаи нав ва ё тасодуфӣ нест. Ба ин маънӣ, соли 2007 Президенти кишвар дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва анъанаю маросимҳои динӣ хотирнишон кардаанд, ки: "Расму оинҳои мардуми мо, асосан, дар доираи ду тамаддуни таърихӣ - ориёӣ ва исломӣ ташаккулу такомул ёфтаанд. Қисми бештари анъанаву суннат, расму оин ва ҷашну маросимҳои халқие, ки имрӯз дар байни мардуми мо маъмуланд, маҳсули марҳилаи исломист".
Воқеан, анъанаву маросимҳои динии мо бахше аз фарҳанги миллиамон шинохта шуда, дар иттиҳоду ҳамбастагии ҷомеа то ҷое нақши муассир гузоштаанд. Вале, мутаассифона, бо гузашти замон баъзе аз маросимҳои миллӣ ва динӣ бо тағйиротҳо дучор шудаанд, ки ба ҳеҷ дину оин ва ё фарҳанге рост намеоянд. Аз таҳлилҳои коршиносон ба назар мерасад, ки аксари суннатҳои миллию динӣ моҳияти дастурхон оростану зиёфат доданро дар худ касб кардаанд. Дар натиҷаи чунин таҳаввулот сатҳи камбизоатии аҳолӣ боло рафта, ба пастшудани ҳам буҷаи оила ва ҳам буҷаи давлат замина гузошт. Аз ин лиҳоз, зарурати қабули санади меъёрӣ-ҳуқуқие дар самти танзимнамоии расму оинҳои мардумӣ ба миён омад.
Тавре, ки худ шоҳидем, миллати мо солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ марҳилаи душворро пасӣ карда, дар вазъияти душвори молиявӣ қарор гирифтанд. Бо ин ҳама мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, мардум аз суннатҳои миллию динӣ пайравӣ мекарданд ва ҳатто кор ба ҷое расид, ки ба хурофотпарастию исрофкориҳо даст заданд. Агар ба умқи масъала нигарем, чунин зиёдаравию хурофотпарастиҳо аз даврони шӯравӣ то ба марҳилаи навини давлатдории миллиамон идома ёфт. Аммо, боиси ифтихор ва зикр аст, ки қабули қонуну қарорҳои миллӣ ва бунёду азнавсозии муассисаву корхонаҳои давлатӣ ба миллати тоҷик танҳо баъд аз истиқлолияти давлатӣ имконпазир гаштааст. Аз ин рӯ, бо итминони комил "қонуни танзим"-ро "қонуни миллӣ" метавон гуфт, зеро ин қонун сирф ба танзими анъанаҳои мардумӣ нигаронида шуда, ҳифзи арзишҳои миллию диниро тарғиб намуда, аз падидаҳои нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мегардад.
Қабули "қонуни танзим" падидаи нав ва самараи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар арҷ гузоштан ба меъёрҳои ахлоқӣ нақши назаррас гузоштааст. Агар ба маъракаороӣ ва гузаронида ҷашну маросимҳо то қабули қонуни мазкур назар кунем, барои тифли навзод яксилсила чорабиниҳои хурсандӣ, барои тӯйи домодию арӯсӣ аз лаҳзаи хостгорӣ то лаҳзаи барпо шудан тӯй чандин силсила ҷашну маросимҳои хурсандӣ, барои гузаронидани маросимҳои азодорӣ якқатор маъракаҳое, ки на дар китоби Худою на дар аҳоди паёбари ислом зикри онҳо дида намешавад, бо исрофкориҳои зиёд гузаронида мешуд. Маҳз, қабули "қонуни танзим" ба аҳолии кишвар имкони бо меъёрҳои шариати исломӣ ошношуданро дод. Назарсанҷиҳои коршиносон ва таҳлилҳои мутахассисони соҳа нишон дод, ки на ҳама аҳли ҷомеа аз меъёрҳои шариати исломӣ дур будани чунин маросимҳо ва ҳеҷ рабте надоштан ба таъриху фарҳанги миллии моро медонистаанд. Ба ин ҳама бегонапарстию зиёдаравиҳо танҳо ду санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ хотима бахшид. Якумӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад, ки соли 1999 содир шуда буд ва дуввумӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад, соли 2007 қабул шудааст. Дар партави ин ду санади муҳим дар Тоҷикистон маъракаи пурҷушу хурӯши танзими анъанаву маросимҳои миллӣ ва динӣ оғоз гардид, ки дар зарфи 15-соли охир файзу баракат ва пайомадҳои хуби молиявию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро барои мардуми шарифи кишвар ба бор овард. Ҳарчанд, баъди содири Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти ҷиддие дар баргузории анъанаву маросимҳо ба вуҷуд наомад, вале баъди қабули "қонуни танзим" таҳаввулоти куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур ҷиҳати пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар, танзим намудани ҷашну мароисмҳои миллӣ ва динӣ равона гардидааст. Қабули қонуни мазкур боз ҳам нишон дод, ки манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум таъмин гардида, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Вобаста ба муҳимияти ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи асосии қабули он ҳифзи арзишҳои ахлоқию динӣ ва таърихию фарҳангии халқи тоҷик аст, Пешвои миллат чунин ибрози андеша кардаанд: “Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.
Маврид ба зикр аст, ки зарурати қабули "қонуни танзим" танҳо ба хотири арҷгузоштан ба арзишҳои миллию динӣ, ҳифзи мероси ниёгон, роҳ надодан ба исрофкорию хурофотпарастӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба миён омадааст. Чун шумораи зиёди аҳолии кишварро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд, чунин хурофотпарастию исрофкориҳо ҳам дар каломи Раббонӣ ва ҳам дар аҳодиси набавӣ ба таври қатъӣ манъ шудааст. Аз ҷумла, дар сураи Аъроф: 31; сураи Исро: 26-27; сураи Анъом: 141; сураи Фурқон: 67 ва дар якқатор ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) ба амали зишту номатлуб будани исрофкорию зиёдаравӣ ишора шудааст. Ҳамчунин сарфу харҷи зиёдатӣ тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ низ манъ шудааст.
Бояд эътироф кард, ки қабули қонуни мазкур дар риояи меъёрҳои ахлоқӣ, пайравӣ аз меъёрҳои шариатӣ ва гирифтани пеши роҳи таассубу хурофот натиҷаи мусбӣ ба бор овард. Ин ҷо зикри байти Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ ба маврид аст.
Шукри неъмат, неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Одинаева Шарифамо - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ