«Таърихи Бухоро» - сарчашмаи нодири таърихӣ ва фарҳангӣ

Тоҷикон дар асрҳои миёна дар ҳамаи бахшҳои илм ба дастовардҳои азим ноил гашта, мероси гаронбаҳое ба ёдгор гузоштаанд. Дар қатори шеъру адабиёт ва осори арзишманди фарҳангӣ, мероси гаронбаҳо дар заминаи таърих низ падид овардаанд. Илми таърихнависии тоҷикон дар ҷаҳон маъруф буда, яке аз қисматҳои оно таърихҳони маҳаллӣ мебошад. Дар асрҳои миёна, ки василаҳои ҳамлу нақл маҳдуд буда, роҳҳои иртиботӣ байни марказ ва навоҳии як кишвар масдуд буд, инчунин гӯшаву канори як давлат тараққии нобаробар дошт ва рақобатҳои сиёсӣ ва минтақавӣ миёнӣ музофот зиёд буд, дар қатори пойтахту шаҳрҳои марказӣ вилояту шаҳрҳои дигар низ ба сатҳи муайяни тараққиёт мерасиданд. Сардорони ғамхору адабпарвари шаҳру вилоятҳо донишмандонро дар аторофи худ ҷамъ оварда, муҳити фарҳангӣ бунёд мекарданд. Ҳамин тавр, ин амр боиси пайдо гаштани шуъбаи наве дар таърихнигории миллии мо тоҷикон гардид, ки онро таърихи маҳаллӣ меномем. Таърихҳои маҳаллӣ манобеи арзишманд дар шинохти таърих, ҷуғрофия, ҳунар, дину ойин, мардумшиносӣ ва муҳимтар аз ҳама шахсиятҳои бузурги таърихии мо тоҷикон ба шумор мераванд.

 

«Таърихи Бухоро»-и Абубакр Маҳаммади Наршахӣ аз ҷумлаи чунин китобҳост. Наршах деҳае буд дар атрофи Бухоро. Ин марди фозилу парвардаи муҳити Сомониён соли 899 таваллуд гашта, соли 959 чашм аз дунё фурӯ бастааст. Наршахӣ байни солҳои 943-949 «Таърихи Бухоро»-ро бо забони арабӣ таълиф карда, ба амири сомонӣ Нуҳ ибни Наср тақдим мекунад. Ин китоб дертар тавассути Муҳаммад ибни Зуфар мухтасар гашта, то замони мо тарҷумаи форсии он, ки Абунасри Қубовӣ онро анҷом дода расидааст. 

 

Асари мазкур сарчашмаи беназари таърихӣ ба шумор меравад. Чанд фазилати ин китобро бармешуморем:

 

Нахустин фазилати ин асари муҳим он аст, ки манбаи арзишманд дар бораи ҷуғрофия ва мавқеи ҷойгиршавии Бухорои асримиёнагӣ мебошад. Дар ин китоб номи даҳҳо мавзеҳои таърихии шаҳри Бухоро, аз ҷумла маҳаллаҳои шаҳр ва номи дарвозаҳои он оварда шудааст;

 

Дувумин аҳамияти китобро дар он мебинем, ки роҷеъ ба бунёдгузори Бухоро ва баъзе саҳифаҳои таърихи куҳану асримиёнагии шаҳр ахбори гаронбаҳо медиҳад. Ин китоб дар бораи яке аз қадимтарин қиёмҳои мардумӣ бо роҳбарии Абрӯй хабар додааст;

 

Савуми нуктаи имтиёзи асар он аст, ки дар хусуси баъзе урфу одатҳои фарҳангӣ ва мазҳабии мардуми суғдӣ маълумот медиҳад. Аз ҷумла, менависад, ки миёни аҳолии Бухоро қаҳрамони асотирии мардуми эронитабор Сиёвуш хеле маъруф буда, мардуми шаҳр ҳар сол ба ёди ӯ хурусе қурбонӣ мекардаанд.

 

Чорумин барги барандаи ин китоб он аст, ки он сарчашмаи хеле муътабар доир ба ҷараёни тасарруфи шаҳр аз ҷониби сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим аст. Муаллиф кӯшишҳои дигар лашкаркашони араб барои тасхири Бухороро низ ёдовар мешавад, ки аҳамияти муҳими илмӣ дошта, ахбори сарчашмаҳои дигарро такмил мекунад;

Панҷумин бартарии «Таърихи Бухоро» он аст, ки дар бораи раванди мусулмоншавии мардуми Бухоро ва муқовимати онҳо дар баробари бегонагон муҳимтарин сарчашма ба шумор меравад. Бо забони порсӣ Қуръон хондани бухориён ва тақсими хонаҳои мардум бо дастури Қутайба ибни Муслими Боҳилӣ аз ҷумлаи ин ахбор аст;

 

Шашумин вижагии китоб дар он аст, ки он роҷеъ ба шахсиятҳои таърихӣ ва арбоби илму ҳунар ахбори судманде пешниҳод мекунад. Муаллиф фаслеро ба хонадони сомонӣ ихтисос дода, нақши ин хонадон дар барозандагии Бухороро таъкид мекунад. 

 

Ҷойгоҳи муҳими китоби «Таърихи Бухоро»-и Абубакри Наршахиро ба назар гирифта, Шарл Шефери фаронсавӣ соли 1892 бар асоси нусхаи асри XVI китобро дар шаҳри Париш ба нашр расонд. Соли 1897 муҳаққиқи рус Нила Ликошин бо мусоидати ховаршиноси машҳур Василий Бартолд асарро ба забони русӣ тарҷума ва нашр кард. 

 

Дар Тоҷикистон «Таърихи Бухоро» ду маротиба ба нашр расида, нашри дувуми асар (соли 2012) тавассути олимони тоҷик Ғ. Ғоибов, К. Олимов ва Н. Амиршоҳ нашри комилу арзишманд дониста мешавад. Тамоми донишмандони саршиноси олам, ки роҷеъ ба Осиёи Миёна таҳқиқ анҷом додаанд, аз ҷумла, В. Бартолд, Б. Ғафуров, Р. Фрай, Э. Босворт, Н. Саид Нафисӣ, А. Зарринкӯб ва Н. Неъматов аз ин шоҳкори илмӣ истифода бурдаанд. 

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои таърихӣ

   

Яндекс.Метрика