Фарҳанг чист?

Фарҳанг яъне: узрхоҳӣ нишонаи заъф нест.
☆Фарҳанг яъне: кинаварз набошем.
☆Фарҳанг яъне: либоси гаронқиммат нишонаи бартар будан нест.
☆Фарҳанг яъне: ба ҷойи қудрати садо, қудрати каломамонро болотар бибарем.
☆Фарҳанг яъне: лақабҳои нописанд гузоштан барои дӯст, нишони самимият нест.
☆Фарҳанг яъне: ҳар китоб як таҷриба аст, таҷрибаҳоямонро ба иштирок бигузорем.
☆Фарҳанг яъне: виҷдони корӣ дошта бошем.
☆Фарҳанг яъне: чашм ва ҳамчашмеро канор бигузорем.
☆Фарҳанг яъне: тафовути наслҳоро дарк кунем.
☆Фарҳанг яъне: озодии мо набояд монеи озодии дигарон шавад.
☆Фарҳанг яъне: ба дигарон фарёд назанем!
☆Фарҳанг яъне: барои дигарон дуо кунем.
☆Фарҳанг яъне: ба андозае аз дигарон савол бипурсем то дурӯғ нашунавем.
☆Фарҳанг яъне: дар ғоиб касеро сужаи ғайбат қарор надиҳем.
☆Фарҳанг яъне: дар ҷамъ аз касе саволи шахсиашро напурсем.
☆Фарҳанг яъне: китоб бихонем.
Фарҳанг яъне : зуд қазоват накунем.
Фарҳанг яъне : сарзаниш накунем.
Фарҳанг яъне : бо волидайну фарзандону дӯстон ... бо эҳтиром бархурд кунем.
Фарҳанг яъне : гузашт

Бознашр аз саҳифаи @Khiradtj

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика