ЗАРАРИ ҲАМҶИНСГАРОӢ АЗ НАЗАРИ ДИНИ МУБИН ИСЛОМ

Ҳамҷинсгароӣ амали кабеҳу зишт буда, дар ҳамаи динҳои ҷаҳон ҳаром дониста шудааст. Ин амали қабеҳу мазмум аз ҷумлаи гуноҳони кабира ва бадтарин роҳи баровардани ниёзҳои ҷисмӣ ва таъмини майлҳои шаҳвонӣ мебошад. Худованд барои ҳифзи иффат ва домани поки инсоният ба онҳо дастур медиҳад, ки ба муҳити ин амали манфур наздик нашаванд. Майлу хоҳишҳои табиӣ ва эҳтиёҷҳои ҷисмонии инсон дар вуҷуди ҳар шахс фитрӣ ва решадор мебошанд ва дини мубини Ислом барои таъмини онҳо ва баровардани ниёзи табии онҳо роҳҳои дуруст ва машрӯъи онро муайян намудааст.

Пас аз бозгашт аз Ироқу Сурия. Таҷрибаи Тоҷикистон дар офиятбахшию барқарорсозии баргаштагон

Дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳо Тоҷикистон дар масъалаи бозгардонидан ва барқарорсозии шаҳрвандонаш ба Ватан таҷрибаи нодир дорад. Солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум гурезагони дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ватанро тарк карда, ба ҷумҳурӣ баргаштанд, ки теъдоди онҳо аз теъдоди баргаштагони имрӯза ба маротиб бештар буд.

Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон аст!

Боиси ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона ва бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид.
Қабули ин қатънома дар СММ иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имконият пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштарак андешад.

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!
Дидӣ ҳунари хӯрдан? Бингар ҳунари Рӯза!

Он шоҳи дусад кишвар тоҷет ниҳад бар сар
Барбанд миён зудтар, к-омад камари Рӯза!

З-ин олами чун сиҷҷин барпар сӯйи ъаллийин,
Бистон назари ҳақбин зуд аз назари Рӯза!

Эй нуқраи боҳиммат дар курраи ин муддат
Оташ кунадат хидмат андар шарари Рӯза!

Рӯза нами Замзам шуд, дар Исии Марям шуд
Бар торуми чорум шуд, ӯ дар сафари Рӯза!

Ку пар задани мурғон? Ку парри малак, эй ҷон?
Ин ҳаст пари чина! Он ҳаст пари Рӯза

ПОДОШИ ЭЪТИКОФ

Агар шахсе холис барои ризои Худованд эътикоф нишинад, аз рўи савобу аҷр ин хеле ибодати бартар ва азим-ум- шаън аст. Паёмбари Худо (с) эътикофро бо як эҳтимом (таваҷҷўҳ)-и хос адо мекарданд.

Имом Зуҳрӣ (рҳ) мегӯяд, ки Расули Худо (с) бисёри корҳоро гоҳе мекарданд ва гоҳе тарк мекарданд. Лекин вақте, ки ба Мадина ташриф оварданд, то охири ҳаёт эътикофро тарк накарданд. Дар бораи муътакифҳо Расули Худо(с) иршод фармудаанд:

Муътакиф (гўшанишин) аз гуноҳ маҳфуз мемонад ва барои ў (бидуни амал кардан ҳам) мисли аҷру савоби амалкунандагон аҷру савоб дода мешавад.

Абуханифа и проблемы рационализма в праве

3.Особенности правовой школы Великого Имама

Абуханифа и проблемы рационализма в праве (Продолжение)

2.Система источников права Абуханифы: место и значение иджтихада в них

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,
Пештар з-он, ки шавад косаи сар хок андоз.

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё, ғулғула дар гунбади афлок андоз!

Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз оинаи пок андоз!

Ба сари сабзи ту, эй сарв, ки гар хок шавам,
Ноз аз сар биниҳу соя бар он хок андоз!

Дили моро, ки зи мори сари зулфи ту бихаст,
Аз лаби худ ба шифохонаи тарёк андоз!

Мулки ин мазраа донӣ, ки суботе надиҳад,
Оташе аз ҷигари ҷом дар амлок андоз!

Страницы

Яндекс.Метрика