Имомон ва бузургони ислом дар васфу ситоиши Имоми Аъзам (р) ва шаммае аз сифоти ҳамида ва некӯи эшон

Васфу ситоиши сирату сурат ва шахсияту мақому манзалати Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ разиаллоҳу анҳу ҳадду канор надорад. Асрҳо ба ин ҷониб уламои давру замон, дар бораи Имоми Аъзам Аъбӯҳанифа (р) ва афкору андешаи ӯ суханҳои некӯ гуфтаанду мегӯянд ва ёддоштҳову рӯйдодҳоро оиди ҳаёт ва фаъолият ва маноқиби эшон навиштаанду менигоранд ва чандин муҳаққиқон кутуби маноқиби Имоми Аъзам раҳматуллоҳро ҳам низ тартиб додаанд.

Абуханифа и проблемы рационализма в праве

1.Истоки рационализма в правовой школе ханафитов

Рационализм в праве - категория очень значимая. Для одних ученых он выступает как основа признания практичности права, для других - как признак разумности права и социальный регулятор, для третьих - как фактор, разграничивающий типологии права в процессе его исторического развития и т.д. 

Нон додан кори мардон аст!

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ фармуд:
Бидон, ки намози зиёд хондан кори пирзанон аст ва рӯзаи фузун доштан, сарфаи нон аст ва ҳаҷ намудан, тамошои ҷаҳон аст. Аммо нон додан кори мардон аст...

Аз китоби Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Китоби "Анису-н-нос"- и Шуҷоии Шерозӣ

Китоби "Анису-н-нос"- и Шуҷоии Шерозӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқиест, ки дар пайравӣ ба "Қобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус ба қалам омада, то ҳол дар адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ нашудааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургони Шарқ буда, намунаи насри зебои асри XV низ ҳаст.

МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ"

Ман чӣ гӯям дар васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, лек дорад китоб.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст қуръон дар забони паҳлавӣ.

Шоҳасари Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ "Маснавии маънавӣ" ҳикояву қиссаҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ҳамаи ин достонҳо чун тамсил истифода бурда шудаанд ва ҳар кадоми онҳо бори зиёди маънавию ирфониро ба дӯш доранд.

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои "Маснавии маънавӣ"-ро дар шакли насрӣ дарбар мегирад.

Достонҳои ин китоб бо сабку услуби содаву оммафаҳм нигошта шудаанд ва дорои аҳамияти бузурги ахлоқиву маънавӣ мебошад.

МАНОҚИБИ ИМОМИ АЪЗАМ

Мавҷудияти кутуби бисёре, ки дар сифот ва корномаи зиндагии аиммаи мазоҳиб, аҳли тасаввуф ва ғайра далели он аст, ки мардуми мусалмон дар баробари ошноӣ бо ин шахсиятҳои хориқулода ва ақоиди эшон таълимоти онҳоро нардбоне ба сӯи Худованд ва суннати Расули гиромӣ медонистанд.

Имоми Аъзам ҳам аз зумраи он нухбагонеанд, ки дар бораашон маноқиби зиёде навишта шудааст.

Ин китоб аз асарҳои илмии ҷиддӣ дар шинохти шахсият ва мазҳаби Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад, ки фаъолияти гуногунҷанбаи эшонро бо равиши илмӣ пайгирӣ намудааст.

"РИСОЛАИ ҲОТАМИЯ"

Донишманд, мураббӣ, муаллими ахлоқ ва муфассири бузурги форсу тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз худ осори гаронбаҳои адабиву илмии зиёд дар фанҳои ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, фиқҳ ва тафсир мерос гузоштааст. Машҳуртарин осораш "Тафсири Ҳусайнӣ", "Футувватномаи султонӣ", "Ахлоқи муҳсинӣ", "Анвори суҳайлӣ", "Рисолаи Ҳотамия" ва ғ. мебошад.
Рисолаи "Ҳотамия" аслан ба тасвири аркони ҷавонмардӣ: саховат ва шуҷоат нигаронида шудааст. Кошифӣ ин рисоларо ба чеҳраи саховатманду абадзиндаи адабиёти арабу аҷам Ҳотами Той бахшидааст.

АХЛОҚИ МУҲСИНӢ

Китоби "Ахлоқи муҳсинӣ"- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқист, то имрӯз маъруфияти худро аз даст надодааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургон буда, намунаи насри зебои асри XV мебошад.

Ин асар дар байни осоре, ки дар ин замина ба қалам омадаанд, ба монанди "Насиҳату-л-мулук"-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, "Сияру-л-мулук"-и Низомулмулки Тӯсӣ, "Ахлоқи носирӣ"-и Насируддини Тӯсӣ ва ғ. аз мақоми хосса бархурдор аст.

Страницы

Яндекс.Метрика