Донишманд, мураббӣ, муаллими ахлоқ ва муфассири бузурги форсу тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз худ осори гаронбаҳои адабиву илмии зиёд дар фанҳои ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, фиқҳ ва тафсир мерос гузоштааст. Машҳуртарин осораш "Тафсири Ҳусайнӣ", "Футувватномаи султонӣ", "Ахлоқи муҳсинӣ", "Анвори суҳайлӣ", "Рисолаи Ҳотамия" ва ғ. мебошад.
Рисолаи "Ҳотамия" аслан ба тасвири аркони ҷавонмардӣ: саховат ва шуҷоат нигаронида шудааст. Кошифӣ ин рисоларо ба чеҳраи саховатманду абадзиндаи адабиёти арабу аҷам Ҳотами Той бахшидааст.
"Рисолаи Ҳотамия" аҳамияти калони тарбиявию ахлоқӣ дошта, дар рушду камоли маънавии ҷомеа ва бахусус ҷавонон муассир хоҳад буд.
Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд ва зубдаи панду андарзҳои бузургон буда, намунаи насри зебои асри XV мебошад.
Ин асар дар байни осоре, ки дар ин замина ба қалам омадаанд, ба монанди "Насиҳату-л-мулук"-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, "Сияру-л-мулук"-и Низомулмулки Тӯсӣ, "Ахлоқи носирӣ"-и Насируддини Тӯсӣ ва ғ. аз мақоми хосса бархурдор аст.
Аз саҳифаи Саидҷон Амонов
Гирдоварандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ