Поймолкунии суннат ё бидъати рамазонӣ

Моҳи Рамазон фаро расиду хондани намози таровиҳ, ки суннат аст, оғоз гардид. Чун анъана дар оғози таровиҳ масҷидҳо аз намозгузорон пур мегардаду баъд аз ҳафтае ба сабаби ғайб задани иддае аз онҳо  чанд сафашон холӣ мегардад.  Чаро? Ҳар шахс зимни ҷавоб ба саволи мазкур ин ё он андешаеро изҳор менамояд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки мавзӯи муколамаи аксарияти ҷавонони намозгузор, ки баъд аз таровиҳ матраҳ мегардад, худ посух ба саволи гузошташуда аст. Мавзӯи муколамаи онҳо одатан дар чунин шакл баён мегардад: Хондани намози таровиҳ дар кадом масҷид чӣ қадар вақт тӯл мекашад?

Зиндагиномаи Муҳаммад ибни Мӯсо Ал Хоразмӣ

Аслан эронинажод будааст. Аз ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — шаҳри Бағдод рафт. Дар он ҷо ба Байтулҳикмаи Маъмун дохил шуда, ҳамроҳи бисёр олимони табиатшиносу риёзидон ба фаъолияти илмӣ машғул шуд.

Оё медонед?

Бил Гейтс эътироф намуда аст, ки барномаи Windows XP-бо хондани китоби «Панҷаратул арқом»-и аллома Хоразмӣ (р) тарроҳи карда аст.

Ба гузориши маҷаллаи Top Technology чанде пеш Бил Гейтс муассиси ширкати “Майкрасофт» дар суханрониаш, ки дар колеҷи Concordia баргузор шуда аст, ба ин ҳақиқат эътироф намуда аст, ки дар сохтани барномаи Windows XP аз таълифоти гаронсанги Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ (р) – олими барҷастаи форс ва муассиси илми “Ал-Ҷабр” – илҳом гирифта аст.

ҲУҚУҚИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ

Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ яке аз ҳуқуқҳои инсон ба шумор рафта, мақсаду мароми он ҳимоя намудани инсон аз ҳама гуна табъиз ва кафолати амалигардонии баробарҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мебошад. Бо ин мақсад Лигаи миллатҳо ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ҳанӯз дар давраи фаъолияти худ ба роҳ монда буд. Соли 1947 Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ диққати ҷиддӣ дод ва бо қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон давраи нави ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ оғоз гардид.

ИДИ НАВРӮЗ ЯКЕ АЗ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баробари тамадуни тоҷику форс ду тамаддуни ҷаҳонӣ, шумерӣ ва мисрӣ ин идро бо тасаввуроти худ аз қадим ҷашн гирифтанашро оғоз намуданд. Аммо бо шукуҳу шаҳомате, ки тамаддуни тоҷику форс Иди Наврӯзро ҷашн гирифтанашро оғоз намуда, то ба ин рӯзҳо онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад, ягон тамаддуни ҷаҳонӣ то ҳол ба анҷом нарасонидааст. Иди Наврӯз маҳз иди мардуми тоҷику форс, иди тоҷикон, иди ориёнтабор аст.

Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ-амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа

1.Таҳаввулоти назарияи дунявият дар раванди ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ

Дунявият ҳамчун сохти давлатдорӣ дар ҳамон шакле, ки имрўз пазируфта шудааст, дар таносуб ба меъёрҳои таърихии он куллан нав аст. Бо вуҷуди ин, шарҳҳои гуногуни ин мафҳум миёни мутахассисони касбу кори гуногун мавриди баҳс қарор дорад. Аксар вақт дунявиятро дар мазмунҳои манфӣ, ғайридинӣ ва зиддидинӣ баён мекунанд. Шакли муосири дунявияти давлат ҳамчун падидаи таърихӣ дар Ғарб дар замони мубориза барои қудрат байни низоми подшоҳӣ ва калисои католикӣ ба вуҷуд омада буд [1, 149-162].

Чанд сухане дар фазилати моҳи шарифи Рамазон

Рамазон моҳи бузургест, ки савоби аъмол дар он зиёдтар ва дарвозаҳои хайр барои хоҳишмандону дӯстдорони он кушода мешавад. Рамазон моҳи хайру баракат, саховатмандию ҳимматбаландӣ мебошад. Дар Қуръон аз ин моҳ ба номи ҳидояткунандаи мардум ёд шуда, даҳ рӯзи аввали он раҳмат , даҳ рӯзи миёнаи он омӯрзиш, ва даҳ рӯзи охири он озодӣ аз оташи ҷаҳаннам аст.

Китоби “Зиёдот” - и Имом Муҳаммад ҳамчун сарчашмаи нодири масъалаҳои фатвоҳои мазҳаби ҳанафӣ

“Зиёдот” шашумин китоб аз китобҳои “Зоҳиру-р- ривоят” аст. Ин китоб бисёр масоилеро, ки дар китобҳои пешин вуҷуд надоранд, шомил мебошад. Баъзе олимон онро дар шумори китобҳои “Зоҳиру-р- ривоят” зикр накарда, балки онро аз ҷумлаи китобҳои “наводир” ба ҳисоб овардаанд. Аммо аксари уламо онро аз зумраи “Зоҳиру-р- ривоят” донистаанд.

Муҳаммад ибни ҳасан ду китоби машҳури дигар низ дорад, ки қувваи “Зоҳиру-р- ривоят”-ро доранд, агарчи уламо инро эътибор накардаанд.

Страницы

Яндекс.Метрика