Маноқиби Имоми Аъзам(р)

Муаррифии китоб

ОГОҲ БОШЕД!!!

ИҚТИБОС АЗ КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятим дар шаҳри Хуҷанд

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии “Сомон плаза”-и шаҳри Хуҷанд бо 100 нафар ятим аз шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.

Туҳфаҳои Сарвари давлат аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, либос, шириниҳо ва маблағ иборат мебошанд.

Ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Хайру эҳсон ба соҳибаш бармегардад...

Марде назди ҳазрати Сулаймон (а) омад ва хоҳиш кард, ки ба ӯ яке аз забони ҳайвонотро омӯзонад.
Паёмбар гуфт:
- Шумо тоқат карда наметавонед.
Аммо он мард аз Паёмбари Худо илтимос ва хеле исрор намуд.
Паёмбар фармуд:
- Шумо кадом забонро омӯхтан мехоҳед?
Гуфт:
- Забони гурба. Гурба дар деҳаи мо ва дар хонаи ман зиёд аст.
Ҳамин тавр паёмбар ба гӯшаш оятеро бихонд.
Мард воқеан забони гурбаҳоро омӯхт.
Рӯзе у гуфтугӯи ду гурбаро шунид, яке ба дигаре мегуфт:
- Шумо хӯрок доред, ман гурусна хоҳам монд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд 31.03.2023

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Зимни машварат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Истиқлол

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятимони кул вохӯрӣ намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
 
Барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактаби, пойафзол, шириниҳо, кӯмаки молӣ  ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
 

Страницы

Яндекс.Метрика