Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад.
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама бо хуррамию тозаҷавонӣ бинем.
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад!

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли дӯстону ҳамкоронро бо фарорасии Наврӯз аз самими қалб табрик гуфта умри дароз, ризқи фароз, иқболи баланд, амалишавии ҳамаи орзуҳои некро таманно дорад. Бигузор Наврӯз бароятон бахту саодат, иқболи баланд, саломатӣ ва шодкомӣ орад!

Наврӯз муборак бошад!

Семинари илмӣ - амалии шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ дар мавзӯи : " Наврӯзи хуҷастапай: моҳият, вазъият ва дурнамои рисолати фарҳангии он"

Санаи 18 - уми марти соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - амалии шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ дар мавзӯи :"Наврӯзи хуҷастапай: моҳият, вазъият ва дурнамои рисолати фарҳангии он" баргузор гардид.
Дар семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холиқзода Абдураҳим тамоми ҳайати кормандони Марказро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуд.
 

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,

Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!

Куртаи сабз ба бар карда зи нав кӯҳу камар,

Чун арӯсон шуда ҳар шохаи гул тозаву тар.

Марди деҳқон ба замин донаи армон пошад,

Сар кашад донаи афтода ба уммеди самар.

Боз аз хоб табиат шуда бедор имрӯз,

Рафти суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Санаи 14 – марти соли ҷорӣ тибқи Нақшаи  чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022” зикр гардидаанд, дар шаҳри Истаравшан мулоқоти кормандони Маркази исломшиносӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, занон, дин ва танзими анъана, кормандони мақомо

Таъиноти кадрӣ

16 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
 

ШОГУН-БАҲОР МУБОРАК!

Наврӯз – оғози рӯзи нав, соли нав, нияту омоли нав аст. Ин рамзи рӯшноии дилҳо, рамзи покии андешаҳо, рамзи ғалабаи некӣ бар бадист. Бо чунин вижагиҳояш дар рӯҳу қалбҳо суруру фараҳ мебахшад. Ин аст, ки ибораи “Ҳар рӯзатон Наврӯз бод” ҳамеша вирди забонҳост. Агарчӣ перомуни пайдоиши он ва то кадом давра реша доштани он баҳсу мунозираҳо ба миён омада бошад ҳам, бояд яқин дониста бошем, ки ин ҷашни бедории табиат ва рамзи сафедию покӣ ба пайдоиши одаму олам рост меояд.   

ДАНҒАРА: КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУЪИ "ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ"

15 марти соли 2023 тибқи нақшаи кории Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз тарафи раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, дар ноҳияи Данғара Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуъи "Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ" доир гардид.
Дар кори Конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзиданд.

НАВРӮЗ - ҶАШНИ ЭҲЁИ ТАБИАТ

Наврӯз аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо, бархе аз муҳаққиқони бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд.

Страницы

Яндекс.Метрика