Рӯзат муборак Модар!

То абад дар авҷи қудрат зистан,
Мулки ҳастиро мусаххар доштан.
Бар ту арзонӣ, ки моро хуштар аст
Лаззати як лаҳза модар доштан.
Фаридун Муширӣ

Шукри буданат, модар!
Рӯзат муборак!

Масъули сомона: Абдуллоҳи Қодирӣ

Васфи модар, зан ва хоҳар аз забони бузургони адабу шеъри ҷаҳон (ба муносибати рӯзи Модарон)

Дар васфи  модар, зану хоҳар хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд, ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаи Осиёву Аврупову Африқо, аз ҷумла  Тоҷикистон, Ҳинду Покистон ва кишварҳои арабӣ низ мавҷуданд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.

Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст.

Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад.

Конфутси мегӯяд : агар панҷ мавриди зерин риоят шаванд, ҳама чиз хуб пеш меравад

Конфутси, ҳаким ва сиёсатмадори чинӣ, қарни панҷуми қабл аз мелод, ки ба унвони панҷумин шахсияти таъсиргузори таърих шинохта мешавад, панҷ мавриди зерро давои дарди тамоми робитаҳо медонад, ки агар риоят шаванд, ҳама чиз хуб пеш меравад:

● Меҳрубонӣ дар робитаи миёни падару писар

●Лутфи бародари бузургтар ба бародари кӯчактар ва тавозӯи бародари кӯчактар дар муқобили бародари бузургтар

● Адолати шавҳар бо зан ва итоати зан аз шавҳар

● Алоқамандии забардастон ба зердастон ва итоати зердастон аз забардастон

Зиндагиномаи Баҳоуддини Нақшбанд

Солҳои 1318 дар оилаи форс - тоҷик ва дар маҳаллаи «Қасри Орифон»-и Бухоро таваллуд шудааст. Хонаводаи Баҳоуддини Нақшбанд ба нақш бастани нақшҳои мусаввар дар порчаҳои кимхоб машғул буда, аз ҳамин сабаб касби нақшбанд ба вай мансуб будааст. Баҳоуддини Нақшбанд ба деҳқонӣ низ шуғл дошта, дар замини худ ҷаву мош кишт мекард.

Мақоми модар дар рушди тафаккури инсон

Модар – сарчашмаи ҳастӣ аст. Тамоми буду набуди инсон ба он вобаста аст, ки аввалин хиштҳои ҳастии инсон аз тарафи модар чи гуна гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар модар аввалин меъмори ҷисм ва қалбу рӯҳи инсон аст. Модар аввалин нафарест, ки бо тифл аз оғоз бе забону бо забон ба таври мустақим гуфтугӯ мекунад ва ба саволу ниёзҳои кудаконаи ӯ бо меҳр посух медиҳад. Ин модар аст, ки барои тифли хурд ҷаҳони бузургро мекушояд, дар замири тифл дунёи навро меофарад, ва баъдан аввалин шуда ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии инсонро парвариш ва ташаккул медихад.

Китоби “Ал-Ҷомеъ ал-кабир”-и Имом Муҳаммад яке аз сарчашмаҳои фатвоҳои мазҳаби Абӯҳанифа (р)

Донишмандон дар мавриди ин китоб иттифоқ кардаанд, ки Имом Муҳаммад онро аз Абӯюсуф ривоят накардааст. Агарчи Абӯюсуф ба таъбири Муҳаммад донотар будааст бар он чи дар китоб аст. Дар китоб масъалаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз Абӯюсуф гирифта шудааст. Илова бар ин, дар он китоб масъалаҳое вуҷуд дорад, ки аз устодаш Абӯюсуф дар ёддоштҳои хоссаш ҷамъоварӣ карда ва ё аз дигар фуқаҳои Ироқ омӯхтааст.

ТАБРИКОТИ директори Маркази исломшиносӣ ба ифтихори Рӯзи модар

Модарону бонувони арҷманд, хоҳарону фарзандони азиз!

Дар Тоҷикистони азизи мо таҷлили Рӯзи модар ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ  ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан - Модар арзёбӣ мегардад.  

Агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин айём таҷлили  Рӯзи модар неку хуҷаста аст, зеро модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад.

Страницы

Яндекс.Метрика