Афсарон

А-фсарони Тоҷикистонро паём,
Ф-отеҳони давру давронро паём.

С-арвати тоҷик бувад - созандагӣ,
А-вҷу мавҷи рӯзгоронро паём.

Р-озгӯи ҳар гулу хори ватан,
О-лами андешадоронро паём.

Н-ангу номуси ватандори асил,
И-нқилоби ақли инсонро паём.

М-одари гаҳвораҷунбони ватан,
А-ллаи афсонадоронро паём.

Р-одмардону далеронро суҷуд,
З-анги он зангӯладоронро паём.

И-ттиҳоди Сулҳ , Ваҳдат- ҳамдилист,
Т-олибони фатҳи кайҳонро паём.

О-лам андар қабзаи тоҷикнасаб,
Ҷ-ӯи кавсардору ёронро паём.

Артиши миллӣ – кафили амнияти Тоҷикистон

“Ҳарчанд, ки артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд”. 

Эмомалӣ Раҳмон

Зиндагиномаи Абдулҳайи Лакнавӣ

Абулҳасанот Муҳаммад Абдулҳай ибни Муҳаммад Абдулҳалим ал-Ансорӣ ал-Лакнавӣ ал-Ҳиндӣ яке аз донишмандони бузурги ҳанафимазҳаб дар соли 1848 (мутобиқ ба 1264-и ҳиҷрӣ) ба дунё омадааст. Падари эшон Муҳаммад Абдулҳалим мударриси мадрасаи Наввоб буд ва насаби Абдулҳай ба Абуайюби Ансорӣ мерасад. Гузаштагони ӯ аз Мадина ба Ҳирот, баъдан ба Лоҳур, сипас ба Деҳлӣ ва дар охир ба Лакнав омадаанд.

Инъикоси сарнавишти мардуми тоҷик ва сарзамини он дар «Ҷомеъу-т-таворих» - и Рашидуддини Фазлуллоҳ

(Идома)

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АСОСГУЗОРИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН

Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомонро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд.
Вале давлате, ки баъди садсолаҳои бедавлатию нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, дере нагузашта, ба хатари парокандагию нобудӣ дучор омад.

Душманону бадхоҳон тавонистанд, ки мардуми тоҷикро дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷабҳа тақсим кунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои бақои давлату миллати мо то ҳадде хатарнок буд, ки баъзан ҳатто бародарро бо бародар, падарро бо писар ва модарро бо духтар паси сангарҳои ба ҳам муқобил гузошт.

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

21 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ в

Ҳозирҷавобии Имоми Аъзам

Имоми Аъзам дар ҳозирҷавобӣ, дар истидлол ва эҳтиҷоҷ шахси беназир ва фавқулодда буд. Сахттарин масоил ва душвортарин қазияҳоро зуд ва ба осонӣ ҳаллу фасл мекард. Ба касоне, ки бо қасди мулзам кардан бо ӯ мунозира мекарданд посухҳои дандоншикан медод. Ин аст, ки Имоми Молик мефармояд: “Агар Имом Абӯҳанифа ин сутуни чӯбинро заррин гӯяд далелашро меорад.” 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН"

Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Страницы

Яндекс.Метрика