ФАЗОИЛИ ШАБИ ҚАДР.....?

Шаби қадр шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат мебошад. Дар китоби “Тарҷумону-л-қуръон”-и ҷурҷонӣ “шаби қадр шаби андоза кардани корҳо” гуфта шудааст. Соҳиби “Кашшофу истилоҳоти-л-фунун” оварда: “Шаби қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад”. Дар “Ат-Тафҳим”-и Берунӣ омада: “Ва андар моҳи Рамазон Лайлатулқадр аст, он-к ҷалолати ўро ба шабҳои тоқи даҳаи пасин ҷўянд”.

АЛВИДОЪ

Эй маҳи хоси Худо, моҳи сафо,
Моҳи меҳру шафқату лутфи Худо.
Рӯзу шаб пайваста дорем илтиҷо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

Меравад моҳи шариф аз ҷамъи мо,
Мешавад моҳи сахо аз мо ҷудо,
Тоқати ҳиҷраш надорем, ай Худо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

Моҳи файзу моҳи эҳсону сахо,
Моҳи раҳмат моҳи авфи ҳар хато.
Аз самими қалб месозем дуъо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

"РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ"

Дар таърихи насри ирфонии форсу тоҷик чандин осори мӯътабаре мақом ва ҷойгоҳи хосе доранд, ки миёни онҳо "Рисолаи қушайрия" аз ҷумлаи таълифоти муҳимми насри сӯфиён ба шумор меравад.

Фазилати шаби қадр

Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст,

Ё раб , ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст.

То ба гесӯи ту дасти носазоён кам расад,

Ҳар диле аз ҳалқае дар зикри “Ё раб! Ё раб” аст.

Ҳофиз

“(1)Инно анзалноҳу фи лайлати-л-қадр.(2) Ва мо адрока мо лайлату-л-қадр.(3) Лайлату-л-қадри хайру-м – мин алфи шаҳр. (4) Таназзалу- л- малоикату ва-р-рӯҳу фиҳо биизни раббиҳим мин кулли амр. (5) Саломун ҳия ҳатто матлаъи-л-фаҷр”.

Зодрӯзи Тоҷикистон зодрӯзи Айнӣ аст!

Зодрӯзи Тоҷикистон зодрӯзи Айнӣ аст,
Роҳи мо равшан зи шамъи дилфурӯзи Айнӣ аст.
(Рустами Ваҳҳоб)

145 сол пеш худованд ба миллати мо шахсеро офарид, ки ояндаи миллати моро созад. Ин шахс воқеан миллати моро аз маҳв шудан нигоҳ дошт. Гарчӣ душманони миллат ӯро қариб чун дигар намояндагони миллатамон нест мекарданд, зинда монд. Ба бахти миллат Устод Айнӣ аз нобасомониҳои давр бо хӯрдани зарбҳои чӯб ва ҳабсҳои душмани миллат бо сари баланд баромаданд. Иншои шаҳодатномаи халқ : "Намунаи адабиёти тоҷик" тавонистанд, ки миллати моро ба ҳама муаррифӣ намоянд.

ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ!

   ТАҶРИБАҲО НИШОН ДОД, КИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ СОЛ БА СОЛ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ АҲДОФИ НОПОКИ ХУД ВА МАҒЗШӮЙИИ ҶАВОНОН РОҲУ УСУЛҲОИ НАВ БА НАВРО БО ИСТИФОДА АЗ ШАБАКАҲО ВА МЕСЕНҶЕРҲОИ ИҶТИМОӢ БА МОНАНДИ "ЮТУБ", "ТЕЛЕГРАМ", "В КОНТАКТЕ", "ВАТСАП", "ИНСТАГРАММ", "ОДНОКЛАССНИКИ" "ФЕЙСБУК", "ТИК ТОК", "ТВИТТЕР" "ИМО" ВА ҒАЙРАҲО МЕҶӮЯНД. БО ВУҶУДИ ТАТБИҚИ ЧОРАБИНИҲОИ МУШТАРАКИ ДАВЛАТӢ, ВАЗЪ ДАР ИН САМТ ҲАНӮЗ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД. 

Нақши пешвои миллат дар бунёди ҷомеаи дунявӣ дар Тоҷикистон

Иддае аз  муҳаққиқон дунявият ва динро хилофи ҳамдигар ба қалам дода, онҳоро ба ҳам муқобил мегузоранд, аммо таҷрибаи  таърихии Тоҷикистон дар даврони истиқлол амалан собит намуд, ки ба ҳам муқобилгузории онҳо бепоя буда, асоси илмӣ надорад. Тоҷикистони тозаистиқлол бо ҷомеаи навбунёди худ ҳамзистии воқеии дунявият ва динро ба таври амалӣ ба ҷоҳониён нишон дод. Ин ҷомеаи навбунёди дунявӣ аз тарафи шахси дурандеш, ақлгаро, ватандӯст, ғамхори воқеии миллат Эмомалӣ  Раҳмон бунёд ёфт.

Роль религия в кризисе Афганистана и ее политико-идеологическое влияние на страны региона

2. НОВЫЕ СТОЛКНОВЕНИЯ ДЕРЖАВ В АФГАНИСТАНЕ

Страницы

Яндекс.Метрика