Иддае аз муҳаққиқон дунявият ва динро хилофи ҳамдигар ба қалам дода, онҳоро ба ҳам муқобил мегузоранд, аммо таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар даврони истиқлол амалан собит намуд, ки ба ҳам муқобилгузории онҳо бепоя буда, асоси илмӣ надорад. Тоҷикистони тозаистиқлол бо ҷомеаи навбунёди худ ҳамзистии воқеии дунявият ва динро ба таври амалӣ ба ҷоҳониён нишон дод. Ин ҷомеаи навбунёди дунявӣ аз тарафи шахси дурандеш, ақлгаро, ватандӯст, ғамхори воқеии миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазъи баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳурӣ вуҷудомадаро амиқ ва ҳаматарафа таҳлил намуда, ягона роҳи дурустро барои ояндаи миллат дар ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ диданд. Вазъияти ба вуҷудомадаро Пешвои миллат дертар дар асарашон «Уфуқҳои истиқлол» ба таври зер тавсиф намудаанд: «Дар он рӯзҳо, ки мо ба тозагӣ аз зери идеологияи мутлақгаро озод шуда будем, доираҳои муайяни хориҷӣ бесуботии сиёсию идеологии ҷомеаро пайти муносиб дониста, мехостанд ҷомеаи моро ба зери идеологияи дигар дароварда, сохти дилхоҳи давлатии худро дар Тоҷикистон бунёд созанд… Аз ин рӯ, интихоби тарзи давлатдории дунявӣ интихоби дуруст,огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон дар он рӯзҳои мушкил буд».
Воқеан ҳам баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи идеологияи марксистӣ тарбия намуда буд, дар Тоҷикистон нерӯҳои дингарои ифротӣ дар зери таъсири нерӯҳои муайяни манфиатҷӯи хориҷӣ қувват гирифта буданд ва бунёди ҷомеаи пурра диниро ҳадафи хеш қарор дода буданд. Аммо таҷрибаи баъзе кишварҳои мусулмоннишин амалан собит мекард, ки дар садаи XXI зиста, арзишу меъёрҳои асримиёнагиро дар пешбурди ҷомеа ба роҳбарӣ гирифтан иштибоҳи бузурги таърихӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ягона роҳи дуруст роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ буд. Муҳимият ва зарурати ин роҳро дарк намуда, аллакай дар Сессияи XVI Шӯрои Олӣ сарвари кишвар таъкид карда буданд: «Шахсан ман тарафдори давлати дунявиям!». Ҳамин тариқ, маҳз бо ташаббус ва нишондодҳои оқилона ва дурандешонаи сарвари миллат ҷомеаи тоҷик роҳи давлатдории дунявиро пеш гирифт ва таърихи 30-соли сипаригардида ба таври возеҳ собит намуд, ки дар ин самт вай роҳи ҳақиқатан ҳам созанда, мурососоз, бунёдкорона ва ободкориро интихоб намудааст. Афзалияти роҳи интихобшударо сарвари миллат дар китоби зикршудааш хеле равшан ва оммафаҳм ба таври зер баён намудааст: «Бартарии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият дар муқобили ҳеҷ мафкураи дигар қарор намегирад ва ихтилофи идеологиро ба вуҷуд намеоварад. Ба таври дигар, дунявият як шароит буда, аз як тараф, баробарӣ ва фаъолияти баробару яксони мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат медиҳад, аз ҷониби дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон карда, пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Ин моҳияти низоми дунявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банди ҳаштуми Конститутсияи кишварамон сабт шудааст». Воқеан ҳам дунявият дар доираи қонунҳои қабулшуда ба тамоми мафкураҳо имконияти баробари рушд ва нумуъро фароҳам оварда, бо ин роҳ пеши роҳи ҳама гуна ихтилофоти идеявиро мегирад ва ҳамин тавр, фазои сулҳу оромиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Ба қавли дигар, дар фазои дунявӣ ҳама гуна ниҳод ё иттиҳодия маҳз ба иҷрои рисолати хеш машғул гардида, аз доираи он берун намебарояд.
Ҷанбаи муҳими низоми дунявӣ, чуноне ки сарвари кишвар таъкид намудаанд, дар он ифода меёбад, ки «муносибати давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар асоси принсипҳои ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат, ба корҳои давлат мудохила накардани ташкилотҳои динӣ, озодии фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар доираи қонунгузориҳои ҷорӣ» ба роҳ монда мешаванд. Аз талаботи мазкур набояд чунин бардошт намуд, ки дин ба давлат ё давлат ба дин муқобил гузошта шуда бошанд. Онҳо муқобил нестанд, онҳо танҳо бояд тибқи вазифа, таъинот ва мақоми худ фаъолият намоянд. Давлат ташкилоти сиёсиест, ки идоракунии ҷомеаро дар қаламрави муайян ба уҳда дорад. Барои дуруст идора намудани ҷомеа давлат вазифадор мегардад, ки фаъолияти тамоми ниҳодҳоро дар ҳудуди кишвари худ ба танзим дарорад. Чун дин ниҳодест, ки ҳадафи асосии он ибодати Худост, пас бояд маҳз ҳамин ҳадафро пайгирӣ намояд. Чун ҳадафи дин ва ҳадафи давлат аз ҳам ҷудо мебошанд, пас дин ва ташкилотҳои динӣ на бояд ба корҳои давлат дахолат намоянд. Зеро фаъолияти давлат ҷанбаҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии хосеро шомил мебошад, ки онҳо бо тағйирёбию пешрафти ҷомеа тағйир хоҳанд ёфт. Дар ҳолате, ки дин бо таълимоти худ хусусияти тағйирнопазир ва устувор дошта, ҷавобгӯи навгониҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии замони нав нест. Аз ин рӯ, ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат барои ҳар ду ниҳод як амри ногузир ва муфид буда, кафили ҳамкориҳои самарабахши онҳо маҳсуб меёбад. Ҳамчунин талаботи «озодии фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар доираи қонунгузории ҷорӣ» низ ба хотири монеа эҷод намудан ба воридшавии ҳама гуна андеша ва афкори ифротӣ ба ҷомеа ё пешгирӣ намудани фаъолияти ташкилотҳои ифротии динӣ ироа гардидааст. Яъне, ин ҷо низ мақсади давлат ҳифзи арзишҳои пок ва созандаи динӣ аз таъсири андешаҳо, таълимотҳо ва ғояҳои ифротии ташкилотҳои хатаровари динсурат мебошад, ки ҳадафашон коштани тухми тафриқаю низоъ дар байни аҳли ҷомеа аст. Аз ин нуқтаи назар, талаботи мазкур низ барои ҳифзи дину арзишҳои динӣ нигаронида шудааст.
Ҳамин тариқ, Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳеро барои ҷомеа интихоб намуд, ки дар он ҳам фарҳанги дунявӣ ва ҳам фарҳанги динӣ муросокорона фаъолият менамоянд ва барои рушду фаъолияти озодонаи якдигар мусоидат менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, бояд эътироф намуд, ки ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар давраи истиқлолият амалӣ гардид, аз нодиртарин падидаҳои таърихии башарият маҳсуб меёбад, ки меъмори ҳам назариявию ҳам амалии бевоситаи он Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Ҳамин ғамхории Пешвои миллат ва дурандешии ӯ сабаб гардид, ки имрӯз дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ҳукмрон аст ва намояндагони тамоми миллатҳо ва мазҳабҳо бародаронаю дӯстона умр ба сар мебаранд. Зеро роҳе, ки Пешвои миллат нишон дод, роҳи сулҳу дӯстӣ, бародарию баробарӣ ва ҳамзистии арзишу фарҳангҳои мухталиф буд. Ин роҳ бешак аз замири қалби Пешвои миллат, аз табиати пурмеҳри инсондӯстонаю фарҳангмаобонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Муҳаққиқони фаъолияти созандагии Пешвои миллат дуруст қайд менамоянд, ки «Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Ӯ мисли як ситораи бахт, як рӯшноии фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ, фикри мардум ва умеди наҷоти миллат шарик ва ҳамдастон шуда, аз рӯҳи ниёгони миллат ғизо гирифта, бо нияти неки худ аз мадади Худованд баҳраманд шуда, мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод». Муҳаққиқон воқеан ҳам хеле дуруст қайд намуданд, ки чун ниятҳои Пешвои миллат нек буданд ва барои ифодаи манфиатҳои мардум нигаронида шуда буданд, аз ин рӯ, ҳамаи онҳо ба некӣ анҷом ёфта, амалӣ гардиданд. Онҳо воқеъбинона хеле бамаврид таъкид намуданд, ки Пешвои миллат аз рӯҳи ниёгони миллат ғизо гирифта, тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳастии худро баҳри наҷоти миллат сафарбар намуд. Ҳамин роҳи наҷот барои миллат ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ мебошад, ки мо онро имрӯз дар ҷомеаи муосири тоҷик баъд аз ба даст овардани истиқлолият бо чашмони оддии худ равшану барҷаста мебинем.
Пешвои миллат роҳи наҷоти миллатро дар низоми дунявӣ дида, яке аз вазифаҳои низоми дунявиро ҳифзи дин ва арзишҳои динӣ маҳсуб донистаанд. Ҳамин ҳадафи дурандешона ва оқилона ва ҳамин нияти пок ва эҳтиром ба арзишҳои динӣ асос гардиданд, ки Пешвои миллат пайғамбари исломро «Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ» номиданд. Худи ҳамин тавсифи пайғамбар аз тарафи Пешвои миллат нишони эҳтироми бузурги ӯ ба дини ислом аст. Муносибати эҳтиромонаи Пешвои миллат дар нисбати пайғамбари ислом дар мақолаи ба пайғамбари ислом бахшидааш, махсусан дар андешаҳои зерини ӯ хеле барҷаста ифода ёфтаанд: «Таълимоти ислом саршори ғояҳои баробарӣ, бародарӣ, адолати иҷтимоӣ буда, аз миён бурдани тафриқаи нажодӣ, имтиёзҳои табақавӣ, мансубияти миллию маҳаллӣ ва ҳама гунна нобаробариҳои ҷомеаро пеш мегузошт ва табиист, ки дар атрофи Паёмбар (с) Салмони Порсӣ барин солимфикрону хирадмандони адолатпарварро гирд меовард». Чӣ хеле, ки аз баҳогузорӣ ва нигоҳи мусбии Пешвои миллат маълум мегардад, вай ба табиати адолатпарваронаи таълимоти ислом боварӣ дошт ва бад-ин сабаб аз он пуштибонӣ намудааст.
Муносибати некбинона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат ба дини ислом зимни таҳқиқи ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам-пешвои ҳанафимазҳабони ҷаҳон низ ифода ёфтааст. Пешвои миллат барҳақ таъкид намудаанд, ки «Корномаи ин шахсияти бузург ва нобиғаи асил дар дунёи илму маонӣ то ба ҳанӯз асрори зиёди нокушуда дорад, ки пажӯҳиши доманадорро тақозо менамояд. То имрӯз сари мавзӯи ватани аҷдодӣ ва насабу куняи ӯ баҳсу мунозираҳо идома доранд. Аммо таъкиди ин ҳақиқат бамаврид аст, ки аксари муаллифони пешин ва муҳаққиқони муосир эътироф намудаанд, ки Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург, саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдодони асили тоҷикон зиндагӣ доштанд ва фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод намуданд».
Ҳамин тариқ, хусусияти асосии ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳз дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода меёбад. Яъне, бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ҳимоя аз дину арзишҳои динии инсонпарварона шоҳсутуни ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил менамояд. Ва дар заминаи хусусияти баёнгардида хусусияти дигари ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худ дарак медиҳад. Ин хусусият модели нави ҷомеаи дунявист. Ин модел дар заминаи ба инобат гирифтани дину диндории мардуми кишвар ба миён омадааст. Агар дар моделҳои дигари ҷомеаҳои дунявӣ дунявият дин ва арзишҳои диниро маҳдуд намояд ва ё онҳоро инкор намояд, модели тоҷикии ҷомеаи дунявӣ барои дин ва арзишҳои динӣ шароити мусоиди татбиқшавӣ муҳайё менамояд. Яъне, дунявияти ҷомеаи тоҷик диниятро инкор не, балки дар назар дорад. Ба қавли дигар, дунявияти ҷомеаи тоҷик бидуни диният арзи вуҷуд карда наметавонад. Инкор намудани диният ва ё бидуни диният арзи вуҷуд намудани дунявият маънои ба инобат нагирифтан ё инкор намудани дини мардуми кишварро дар назар дорад, ки ин имконнопазир аст. Ҳамин навъи зуҳури модели дунявиятро дар шакли зуҳури диният дар шароити ҷомеаи тоҷик дар далелҳои зерин мушоҳида менамоем:
1.Сардори давлат ҳар сол дар моҳҳои идҳои Рамазон ва Қурбон мардуми мусулмони кишварро бо фарорасии идашон пайваста табрик менамояд ва барои онҳо орзуҳои некро таманно менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми соли гузаштаи Пешвои миллат ба муносибати моҳи Рамазон омадааст: «Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд…Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, боз як нуктаи муҳими дигар рохотирнишон месозам, ки дар раванди анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ба одоби масҷидравӣ низ диққат диҳем. Масҷид ҷойи тоату ибодат ва макони тарбияи рӯҳиву маънавии мардуми мусулмон аст. Худованд дар сураи «Ҷумъа»-и Қуръони маҷид доир ба одоби масҷид чунин мефармояд: –«Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед…». Аз ин бармеояд, ки чун намоз хонда шавад, мусулмонон бояд барои ба даст овардани ризқу рӯзии аҳли хонадони худ аз пайи заҳмат ва кор шаванд…Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба кули мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзу менамоям. Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!». Чӣ хеле, ки мебинем, Пешвои миллат ба арзишҳои динӣ эҳтироми самимӣ қоил мебошанд ва ҳар сол мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин иди динияшон табрику таҳният менамоянд.
2. Тибқи Конститутсия рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд.
3. Имрӯз дар кишвар қариб панҷ ҳазор масҷид амал менамояд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳар кишвари собиқ шуравӣ нисбат ба ҳар сари аҳолӣ зиёдтар мебошад. Ба таври мисол дар Русия, ки 209 миллион мусулмон дорад, ҳамагӣ шаш ҳазор масҷид фаъолият менамояд.Илова ба ин, қариб дар аксари масҷидҳои кишвар тамоми шароитҳо барои тоату ибодат муҳайё мебошанд. Бояд қайд намуд, ки масҷидҳои имрӯза аз масҷидҳои замони шуравӣ ба маротиб зеботар, фарохтар ва бо тамоми лавозимот муҷаҳҳазтар мебошанд.
4. Дар Тоҷикистон бо супориши Пешвои миллат Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷима шудааст, то ин ки мардуми мусулмони кишвар аз таълимоти ислом бохабар бошанд. Бо ҳамин мақсад сарчашмаи дигари асосии таълимоти ислом “Саҳеҳ”- и Бухорӣ низ ба тоҷикӣ тарҷима шудааст.
5. Соли 2009 бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни байналмиллалии 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ - Имом Абӯҳанифа дар кишвар таҷлил гардид, ки ин падида аз муносибати эҳтиромонаи ҳукумати кишвар ба арзишҳои динӣ далолат менамояд. Вобаста ба таҷлили солгарди ин донишманди бузурги тоҷиктабори дини ислом дар кишвар конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки дар он донишмандони дин аз нуқтаҳои мухталифи дунё ширкат варзиданд ва фаъолияти илмӣ-динии Имоми Аъзамро васеъ таҳқиқ намуда, даҳҳо китоб ба нашр расониданд. Дар соли зикршуда филми таърихӣ –бадеӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам тавассути телевизиони марказӣ пахш гардид, ки бешак аз сиёсати динпарварони ҳукумати ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин соли 2010 шаҳри Душанбе Маркази Фарҳанги Исломӣ эълон гардиду ҷашни 1200-солагии Имом Бухорӣ, ки китобаш “Саҳеҳ”-и Бухорӣ муътамадтарин маҷмӯаи ҳадисҳои пайғамбари ислом эътироф шуда, баъд аз Қуръон сарчашмаи дуюми таълимоти исломӣ ба ҳисоб меравад, таҷлил гардид. Ҳамаи ин, аз муносибати эҳтиромонаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари он ба дин ва арзишҳои динӣ шаҳодат медиҳанд.
6.Дар ҷумҳурӣ муассисаи махсус дар сатҳи вазорат фаъолият менамояд, ки вазифааш аз танзими оқилонаи фаъолияти динӣ дар ҷомеа иборат мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳар сол ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар зери роҳбарии муассисаи мазкур маросими ҳаҷро дар Макка адо менамоянд.
7.Ҳамчунин дар кишвар тавассути ташкилотҳои мустақил дар тӯли сол адои ҳаҷҷи умра ба роҳ монда шудааст, ки ин амал боиси хушнудии аҳли кишвар гаштааст. Аз ҳисоби адокунандагони ҳаҷҷи умра шумораи ҳоҷҷиҳо дар кишвар ба маротиб зиёд гардидаанд.
8. Дар кишвар донишкадаи махсуси исломӣ амал менамояд, ки вазифааш аз омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи дин иборат мебошад.
9. Ҳамчунин дар кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он аз таҳқиқи илмии масоили марбут ба дин иборат мебошад.
10. Бояд эътироф намуд, ки муносибати ҷомеа ба дин ва арзишҳои динӣ махсусан дар рӯзҳои ҷумъа хеле равшан ба чашм мерасад. Аз бисёрии адокунандагони намози ҷумъа кӯчаю паскӯчаҳои шаҳр аз мошинҳо пур мешаванду то тандозае ҳатто ба фаъолияти нақлиёти мусофиркашони шаҳрӣ мушкил эҷод менамоянд.
Ҳамаи далелҳои овардашҳуда ба он ишорат менамоянд, ки агарчанде кишвар мутобиқи Конститутсия давлати дунявист, лекин дар он мардуми мусулмон тамоми маросиму анъанаҳои динии худро бидуни мушкил ва бе мамониат иҷро менамоянд.
Бояд эътироф намуд, ки ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ ҳамзамон кафили таъмини сулҳу оромӣ ва фазои дӯстӣ дар байни шаҳрвандони дину мазҳабашон мухталиф ва ё ашхоси бедин низ ба ҳисоб меравад. Эҳтиром намудани арзишҳои динию эътиқодии дигарон бешак пеши роҳи ҳама гуна ихтилофоти ақидавӣ ва хусумату бадбинии миллию мазҳабиро гирифта, заминаи боэътимоди дӯстию бародарӣ, кафили сулҳу осоиш ва шарти ҳамзистии мусолиматомези фарҳангҳои мухталиф, махсусан фарҳанги дунявӣ ва динӣ хоҳад буд.
Хусусияти дигари барҷаста ва муҳими ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар кишвари мо пайрави аз мазҳаби таҳаммулгарои Имоми Аъзам аст, ки модели тоҷикии дунявиятро мепазирад ва бо он ба хубӣ ҳамзистӣ менамояд. Хусусияти характерноки таълимоти Имоми Аъзамро Пешвои миллат дар мақолаи ба таҳқиқи таълимоти ӯ бахшидаашон ба таври зер ифода намудаанд: «Имом Абӯҳанифа бо нубуғ ва заковати фитрии хеш ба дурустӣ дарёфт, ки урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ метавонанд сарчашмаи муассири танзими зиндагӣ ва умуман иҷтимоиёти мардум гарданд. Ин арзишҳо ҳосили таҷрибаи тӯлонӣ буда, дар масири таърих бо заковату хиради инсон ва таҳаммулпазирии иҷтимоӣ такмил ёфтаанд. Табиист, ки мазмуни таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавии онҳо мураккаб ва зиддиятнок аст. Онҳо дар мафкураи таърихӣ ва ҷаҳоншиносии иҷтимоии миллату халқиятҳо мақоми боарзишеро соҳиб мебошанд». Агар ба мундариҷаи суханони Пешвои миллат дақиқтар таваҷҷуҳ намоем, вай дар баробари арҷгузорӣ ба қудрати фитрӣ ва саҳми бузурги Имоми Аъзам дар ташаккули фарҳанги динӣ, ҳамзамон ба ҳамзистии фарҳанги динӣ ва дунявӣ ишора намудаанд. Воқеан ҳам Пешвои миллат хеле дақиқ ва заковатмандона дарётаанд, ки урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ки дар таълимоти фиқҳии Имоми Аъзам мақоми муайянеро дар танзими афъоли динии мусулмонон шомил мебошанд, маҳсули таҷрибаи тӯлонии таърихӣ буда, тавассути заковати мардум мукаммал гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки дар таълимоти пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имоми Аъзам ба таври назаррас ифода ёфтани ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва диниро пеш аз ҳама Пешвои миллат дарк намуданд ва онро ба таври зер ифода намуданд:«Имрӯз дар кишвари мо ба шарофати истиқлолият арзишҳои ахлоқии имониву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд. Мо ин арзишҳоро чун мазҳари ваҳйи Илоҳӣ ва улуми Раббонӣ сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида, василаи муассири тарбияи наслҳо ва чароғи раҳнамои худогоҳиву худшиносии мардум мешуморем. Ин аст, ки мо дар баробари ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти худро дар самти нигоҳдории покиву асолати арзишҳои динӣ ва дар айни замон пешгирӣ кардани ҳар гуна зуҳуроти ифротгароии динӣ эҳсос мекунем. Ин роҳро мо аз мактаби гузаштагони некному бузургамон, аз ҷумла, пири мазҳабамон – Имоми Аъзам омӯхтаем». Воқеан ҳам дар заминаи суханони мазкури Пешвои миллат хусусияти дигари ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ барои мо ошкор мегардад, ки он дар «нигоҳдории покиву асолати арзишҳои динӣ ва дар айни замон пешгирӣ кардани ҳар гунна зуҳуроти ифротгароии динӣ» ифода меёбад. Пешвои миллат комилан дуруст таъкид намудаанд, ки арзишҳои ахлоқии динӣ “сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида, василаи муассири тарбияи наслҳо ва чароғи раҳнамои худогоҳиву худшиносии мардум” маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ҳифз намудани онҳо аз ҳама гуна зуҳуроти ифротгароии динӣ хеле муҳим ва тақдирсоз мебошад. Ҳифз накардани арзишҳои динӣ-мазҳабӣ воқеан ҳам боиси тавлиди андешаҳои ифротии динӣ, ташаккули шахсияҳои бегонапарасту миллатситез ва таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳанг ва ҳувияти миллӣ хоҳад гардид. Аз ин рӯ, Пешвои миллат тамоми қишри миллатдӯсту меҳанпарасти ҷомеаро барои ҳифзи арзишҳои динӣ аз таъсири андешаҳои ифротии динӣ масъул маҳсуб медонанд. Зеро имрӯз ифротгароии динӣ дар кишварҳои мухталифи асосан мусулмоннишин реша давонда, то андозае ба кишвари мо низ роҳ ёфтааст. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ифротгароии динӣ ҳамчун бемории сирояткунанда тез интишор меёбад ва тадриҷан динҳои суннатиро заҳролуд гардонида, тавассути онҳо пояҳои давлати миллиро заиф гардонида, ахиран нобуд мегардонад. Низоми дунявии ҷомеа бошад, дар муқобили ин харобкориҳои андешаҳои ифротии динӣ дини анъанавии расмиро ҳимоя намуда, ҳамзамон пояҳои давлати миллиро нерӯ мебахшад. Дар ин замина низ боз ҳам ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат мебошад, ки гуфтаанд: «Давлатдории миллиро бе ин асос тасаввур кардан мумкин нест, дар такя ба ин асл мо метавонем сохтори ҷамъиятӣ, истиқлолият ва амнияти миллиро таъмин намоем, арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои инкишофи минбаъдаи давлати Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам созем».1
Ҳамин тариқ, низоми дунявии ҷомеа дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ ҳам арзишҳои миллӣ ва ҳам диниро аз ҳама гуна хатарҳои хусусияти ҳам динию ҳам сиёсидошта ҳифз намуда, барои рушди онҳо шароити лозимаро фароҳам меоварад. Дар низоми мазкур, чуноне ки Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «асли дунявият маънои махсусро пайдо менамояд. Шахс баъди муайян намудани диёнати худ хоҳ ба танҳоӣ ва ё хоҳ як ҷо бо диндорон наметавонад масъулияти умумиҷамъиятӣ ва умумиинсониро фаромӯш намояд. Иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери динӣ дошта низ наметавонанд аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон сӯистифода намоянд».1 Чӣ хеле ки аз гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, шахс новобаста аз диндории худ аз масъулиятҳои умумиҷамъиятию умумиинсонӣ дар канор буда наметавонад. Вай барои тамоми бурду бохти кишвар масъул аст. Бинобар ин, ӯро зарур мегардад, ки баҳри рушду тавсеа ёфтани арзишҳои умумиинсонӣ талош намояд.
Хулоса, ҳам диният ва ҳам дунявият имрӯз аз ҷумлаи арзишҳои хеле муҳим ва пурқимат барои ҷомеаи мо маҳсуб меёбанд. Пазируфтани якеву рад намудани дигаре тавозунро дар ҷомеа халалдор намуда, боиси ихтилофоти шадиди ҳам сисиёсию иҷтимоӣ ва ҳам фарҳангӣ хоҳад гардид. Бинобар ин, ҳамзистии фарҳанги дунявию динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардиду тавассути Конститутсия ва дигар санадҳои танзимкунанда асоси ҳуқуқӣ ёфт, беҳтарин модел буда, кафили сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ ва рушди мунтазами ҷомеа маҳсуб меёбад.
Адабиёт:
1.Аҳмад Идрис, ат-Таъон, Ал-алмониюна в-ал-Қуръон-ул-карим, Ар-Риёз, 1428.
2.Мухаммад Шакир Аш-Шариф. Секуляризм и его отвратительные последствия,Powered by mir – www. Panerevis.ru
3.Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.01.04.2022.
4.Холиқзода А. Ғ., Шарифзода М.М., Шосаидзода Ш.Ш. Пешво ва мактаби давлатдорӣ (Пешвои миллат – поягузори давлати миллӣ) –Хуҷанд: Ношир, 2022.
5.Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол.- Душанбе : «Ганҷ-нашриёт», 2018.
6.Эмомалӣ Раҳмон. Эмоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ. Душанбе: «Эр-Граф», 2009.
7.Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: «Эр-Граф», 2016.
Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдухалилзода К.А.