Фазилати шаби қадр

Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст,

Ё раб , ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст.

То ба гесӯи ту дасти носазоён кам расад,

Ҳар диле аз ҳалқае дар зикри “Ё раб! Ё раб” аст.

Ҳофиз

“(1)Инно анзалноҳу фи лайлати-л-қадр.(2) Ва мо адрока мо лайлату-л-қадр.(3) Лайлату-л-қадри хайру-м – мин алфи шаҳр. (4) Таназзалу- л- малоикату ва-р-рӯҳу фиҳо биизни раббиҳим мин кулли амр. (5) Саломун ҳия ҳатто матлаъи-л-фаҷр”.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

(1)Ҳар ойина Мо Қуръонро дар шаби Қадр фуруд овардем. (2) Ва таваҷҷӯҳ! Медонӣ, ки шаби Қадр чист? (3) Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст. (4) Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб ба фармони Парвардигори хеш барои саранҷом додани ҳар коре фуруд меоянд.(5) Он шаб то тулӯи фаҷр ҳама салому эминӣ аст.

Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам:”Эй Расули Худо (с), агар шаби Қадрро дарёфтам, чӣ бигӯям? Фармуд: Бигу: “Худовандо! Ту бахшандаи ва афву бахшишро ҳатман дӯст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ!”. Паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи рамазонро баён менамояд, мефармояд: “Дар он моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳрум ва бадбахти ҳақиқӣ ҳамон кас аст”. 

Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с), дар даҳаи охир ончунон кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳаргиз дар дигар вақтҳо чунин намекард”.

Дар шаби Қадр сарнавишт ва қисмати яксолаи афрод, милатҳо, давлатҳо, балки тақдири тамоми халоиқ ва ҳақоиқ муайян ва рехта мешавад. Худованд мефармояд: “Дар он шаб тамоми корҳо(-и бузург) тақсим ва аз ҳам ҷудо сохта мешаванд” (Духон, 4). Дар он шаб усул ва пояҳои дини ҷаҳонии Ислом гузошта шудаанд ва дар он тамоми корҳои ҳакимонае, ки инсонро ба саодат бирасонанд, аз сӯи Худо баён ва муқаррар мегарданд.

Худованд шаберо бо ин азамат, ки аз ҳазор моҳ аз як умри одамӣ (бештар аз ҳаштоду се сол) беҳтар ва боарзиштар аст, дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд.

Душ вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,

В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.

Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,

Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.

Ҳофиз

Мутаҳассиси пешбари шӯъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                    Исоев Н.

Яндекс.Метрика