"РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ"

Дар таърихи насри ирфонии форсу тоҷик чандин осори мӯътабаре мақом ва ҷойгоҳи хосе доранд, ки миёни онҳо "Рисолаи қушайрия" аз ҷумлаи таълифоти муҳимми насри сӯфиён ба шумор меравад.

"Рисолаи қушайрия"-и Абулқосими Қушайрӣ аз нахустин осори насри ирфонӣ буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст ва шогирдаш Абӯалӣ Ҳасан ибни Аҳмади Усмонӣ ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума намудааст. Китоб аз ду фасл ва панҷоҳу панҷ боб иборат буда, фасли нахустини он ба баёни ақоиди аҳли тасаввуф ва фасли дуюм ба тавзеҳи беш аз панҷоҳ истилоҳи ирфонӣ бахшида шудааст ва метавон онро аз намунаи фарҳангномаҳои ирфонӣ шинохт.

"Рисолаи қушвйрия" аз манобеи муҳимми шинохти ирфон ва тасаввуфи исломӣ буда, барои таълифи осори ирфонӣ чун сарчашма хизмат намудааст.
Аз саҳифаи Саидҷон Амонов

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика