ПОДОШИ ЭЪТИКОФ

Агар шахсе холис барои ризои Худованд эътикоф нишинад, аз рўи савобу аҷр ин хеле ибодати бартар ва азим-ум- шаън аст. Паёмбари Худо (с) эътикофро бо як эҳтимом (таваҷҷўҳ)-и хос адо мекарданд.

Имом Зуҳрӣ (рҳ) мегӯяд, ки Расули Худо (с) бисёри корҳоро гоҳе мекарданд ва гоҳе тарк мекарданд. Лекин вақте, ки ба Мадина ташриф оварданд, то охири ҳаёт эътикофро тарк накарданд. Дар бораи муътакифҳо Расули Худо(с) иршод фармудаанд:

Муътакиф (гўшанишин) аз гуноҳ маҳфуз мемонад ва барои ў (бидуни амал кардан ҳам) мисли аҷру савоби амалкунандагон аҷру савоб дода мешавад.

Шарҳ: Дар ин ҳадис ду фоидаи муҳим баён шудааст:

1)Аввал ин, ки инсон аз гуноҳон маҳфуз мемонад, чунки ин зоҳир аст, ки инсон ҳарҷо, ки равад бо ҳар гуна мардум шиштухез мекунад, ки дар натиҷаи он аз ў ғайбат, суханчинӣ, дурўғ, буҳтон ва ғайра содир мешавад. Аз ҷиҳати таасуроти моҳавл, инсон бо вуҷуди кўшиш кардан ҳам бисёр кам аз гуноҳ маҳфуз мешавад.

Вале бо нишастан дар масҷид, инсон аз тамоми он гуноҳон парҳез карда маҳфуз мемонад.

2) Савоби бисёр некиҳоро бидуни амалкардан ҳам сазовор мешавад. Асли сухан ин аст, ки Худованд барои бандагонаш аҷру савобро ноил шудан, амалеро муайян кардааст , то бо як баҳонае бандаи худро бо аҷру савоб бинавозад. Маълум мешавад, ки Худованди пок ато кардани савобро файсала кардааст, вале мехоҳад , ки бо ягон баҳонае онро барои банда сазовор гардонад. Ва аз он ҷиҳате, ки муътакиф аз бисёр корҳои нек (мисли намози ҷаноза , иёдат (беморпурсӣ)-и мариз ва ғайра) танҳо ба сабаби дар масҷид нишастан боз мемонад, фикр накунад, ки эътикоф карда аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованди карим савоби ҳамаашро бидуни амал кардан ҳам барои мўътакиф ҳукм кардааст. Ин бисёр мавқеи хубест.

Шояд, ки инсон бидуни эътикоф савоби тамоми ин амалҳои нек (мисли намози ҷаноза, аёдат (беморпурсӣ)-и мариз ва ғайра) - ро ҳосил карда натавонад, вале ба сабаби эътикоф кардан савоби тамоми ин амалҳои некро низ мустаҳиқ мешавад . Расули Худо(с) фармудаанд:

Савоби эътикоф дар даҳаи охири рамазон баробари савоби ду ҳаҷ ва ду умра мебошад.

Шарҳ: Қадри инро донистан лозим аст, чунки агар дар яке аз корҳои дунявӣ ин қадар нафъу фоида вуҷуд дошта бошад ва барои мо аз даҳ як ҳиссаи он назар ояд бо тамоми қувва ва кўшиш, бо ҳар гуна роҳ онро ҳосил мекунем. Дар як ҳадис омадааст, ки Паёмбари Худо(с) фармудаанд:

Ҳар шахсе, ки барои ризои Худованди таоло як рўз эътикоф нишинад, Худованди таоло ҷаҳаннамро аз ў ба миқдори се баробари фосилаи замину осмон дур мегардонад.

Барои ин ҳама савобро ҳосил кардан як тариқаи бисёр осон ин аст, ки дар намозҳои панҷвақта ҳангоми дохил шудан ба масҷид нияти эътикоф карда, дохил шавад.Ҳатто вақте, ки дар масҷид намоз мехонад, агарчи тамоман хомўш ҳам нишинад , савоби эътикофро ҳосил мекунад. Ва агар Қуръони Карим ё тасбиҳот ва ғайра бихонад савобашро алоҳида мегирад. (Айни шарҳи Бухорӣ 5/371, Сунани Ибни Моҷа с: 12) 

 

Мутаҳассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                      Исоев Н.

                                                       

 

Яндекс.Метрика