Паём ва дурнамои равобити байналмиллалии Тоҷикистон

Паёми солонаи Президент фарогири ҳамаи масъалаҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи ҷаҳон гирифтани тасмими дуруст метавонад муҷиби боландагии як давлат ва баръакс интихоби роҳи хато мардумони як кишварро метавонад ба мусибатҳои бешумор гирифтор кунад. Ҳаводисе ки дар баъзе кишварҳо имрӯз ҷараён дорад далели ҳамин иддаост. Дар Паёми худ Пешвои миллат фармуданд, ки сӣ сол муқаддам Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои сиёсӣ ва дипломатияшро бо бештари кишварҳои ҷаҳон истиқрор бахшид.

Номи НИЗОМӢ зи сухан тоза бод!

Ҷунбиши аввал, ки қалам баргирифт
Ҳарфи нахустин зи сухан даргирифт.
Пардаи хилват чу барандохтанд,
Ҷилваи аввал ба сухан сохтанд.
То сухан овозаи дил дарнадод,
Ҷон тани озода ба гил дарнадод...
Тоҷварон тоҷвараш хонданд,
В-он дигарон он дигараш хонданд...
Аз сухани тозаву зарри куҳан,
Гуфт: Чӣ беҳ? Гуфт: Сухан беҳ, сухан!
Садрнишинтар зи сухан нест кас,
Давлати ин мулк суханрост бас.
То сухан аст, аз сухан овоза бод,
Номи Низомӣ зи сухан тоза бод!

Бознашр аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

ИҚТИБОС

"Дар кишвари худ ту намояндаи хонаводаат ҳастӣ, берун аз он - намояндаи кишварат, зеро дар дохили кишвар аъмоли ту чеҳраи хонавода ва дар берун аз он - чеҳраи мардумат аст..."

Чобуо Амиреҷебӣ

Бознашр аз саҳифаи тоҷикони Қазоқистон | 01.01.2023

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи хонандагон ва ҳаводорони сомонаи Маркази исломшиносиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ 2023 табрику таҳният мегӯем!

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи хонандагон ва ҳаводорони худро бо фарорасии Соли нави мелодӣ 2023 табрику таҳният мегӯяд.

Кош, Соли Нав ба мардум соли пирӯзӣ шавад,
Кош, соли дилбару соли худафрӯзӣ шавад.
Кош, Соли Нав дари бахту саодат во кунад,
Қисмати хуб аҳли оламро фақат рӯзӣ шавад.

Ташаккур, ки бо моед!

Бо камоли эҳтиром,
Абдуллоҳи Қодирӣ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Эмомалӣ Насриддинзода: «Дар Паём таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардид»

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти таърихии ин фарзанди фарзонаи миллат ба мардуми шарафманди кишвар пайваста рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Онҳо инчунин бо  дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ пешбурди сиёсати «дарҳои кушод», инчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ояндаи дурахшон ва рушду нумўи минбаъдаи кишварамон имконияти нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозанд.

Паём - таҳкимбахши маънавиёти ҷомеа

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи илму маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башаррӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Страницы

Яндекс.Метрика