Таҷлили иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28—уми декабр, ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бознашр аз сомонаи: http://www.president.tj/node/29843

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

ИДИ КАСБӢ МУБОРАК, ҲОМИЁНИ АМНИЯТ, ОРОМӢ ВА СУЛҲУ СУБОТИ КОМИЛ!

ИДИ КАСБӢ МУБОРАК, ҲОМИЁНИ АМНИЯТ, ОРОМӢ ВА СУЛҲУ СУБОТИ КОМИЛ!

ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 23 декабри соли 2022

Паём ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дошта, бинобар ин масъалаҳои муҳими давлатӣ дар он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ироа мешаванд. 

Паём ба Маҷлиси Олӣ барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор карда, масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи  тарафайнро баррасӣ намуданд.

 

Сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

 

Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

 

«Ҷаноби Олӣ,

 

Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо муваффақият қабул шудани Қатъномаи А/77/443, таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 153 кишвари ҷаҳон пешбарӣ шудааст, табрик намоям.

 

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи  тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика