❗Афсӯс,ки дар ин олами вайрона ғарибам,
Дил маскани дардасту ба думболи табибам.
Умрам на чунон шуд,ки муроди дили ман буд.
Афгор шудааст ин тану ҳам қалби наҷибам.
Ҷуз ғуссаву ғамҳои ҷаҳон баҳра надидам,
Як гул зи чаманзори вафояш,ки начидам.
Ҳар лаҳза ба ёди дами беҳуда харобам,
Дар ёди хатоҳои куҳан сина кабобам.
Ё Раб Ту ба Иқболи ҳақират назаре кун,
Ӯро зи раҳу роҳи шариъат хабаре кун!
✍️Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ.
Аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс