Фахриддини Ироқӣ

Зи ду дида хун фишонам, зи ғамат шаби ҷудоӣ,

Чи кунам, ки ҳаст инҳо гули боги ошноӣ.

Ҳама шаб ниҳодаам сар, чу сагон бар остонат,

Ки рақиб дарнаёяд ба баҳонаи гадоӣ.

Мижаҳову чашми ёрам ба назар чунон намояд,

Ки миёни сунбулистон чарад оҳуи хитоӣ.

Дари гулситони чашмам зи чӣ рӯ ҳамеша боз аст?

Ба умеди он ки шояд ту ба чашми ман дароӣ.

Сари барги гул надорам ба чӣ рӯ равам ба гулшан?

Ки шунидаам зи гулҳо ҳама бӯи бевафоӣ.

Ба кадом мазҳаб аст ин? Ба кадом миллат аст ин?

Ки кушанд ошиқеро, ки ту ошиқам чароӣ?

ҚАБУЛИ ҲАР ЯК САНАД ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҚОНУН ГУЗОРИИ ДАВЛАТ АСТ

(Дар ҳошияи мақолаи Эмомалӣ Насриддинзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), ки дар  мақолаи худ таъкид кардаанд, 

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6 январи соли 2023 фаъолияти солонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии солона директори Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, Қодирзода Сайаъзам сармутахасиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто, муовини якуми Марказ Рустам Азизӣ ва кормандони Маркази  иштирок намуданд.

Таълифоти китобҳои Абӯюсуф

Абӯюсуф китобҳои зиёде таълиф намуда, дар онҳо раъйи худ ва назариёти устодаш Имом Абӯҳанифаро (р) тадвин кардааст.

Асосҳои ҳуқуқии ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ

Яке аз нишонаҳои барҷастаи ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар сатҳи Конститутсияи кишвар сабт гардидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамзистии ду фарҳанги зикршуда мебошад. Андешаи дар моддаи 8 - и Конститутсия зикршуда «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

АДАБ АСТ!

❗Назди арбоби ҳунар мояи имон адаб аст,
Лоҷарам пешаи мардони сухандон адаб аст.
Одамизода агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани Одаму ҳайвон адаб аст.
Як-ду рӯзе ту дар ин мулки ҷаҳон меҳмонӣ,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Беадабро набувад лоиқи султон чизе,
Нек бингар ба яқин, лоиқи султон адаб аст.
Кардам аз ақл суоле ки бигӯ имон чист?
Ақл бар гӯшу дилам гуфт, ки имон адаб аст.
Чашм бикшову бубин ҷумла каломуллоҳро,
Оят-оят ҳамагӣ маънии Куръон адаб аст.

Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст...

❗Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш нест,
Нафас оинаи ин асрор аст.
Баски гарм аст ҳавои гулшан,
Ғунча ин ҷо сари бедастор аст.
Шишасози нами ашке нашавӣ,
Олам аз сангдилон, кӯҳсор аст.
Хишти доғест иморатгари дил,
Хонаи ойина як девор аст.
Майкашӣ сурмаи ирфон нашавад,
Биниш аз чашми қадаҳ душвор аст.
Ҳамчу ойина, агар соф шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Гўш, гӯ, то шавад ойинаи роз,
Нолаи мо нафаси бемор аст.

АВВАЛИН ШУМОРАИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" АЗ ЧОП БАРОМАД

АВВАЛИН ШУМОРАИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" БО ШАКЛУ ОРОИШИ ҶАДИД ДАР СОЛИ 2023 АЗ ЧОП БАРОМАД 04.01.2023

АЗ САҲИФАИ ХХДТ

Страницы

Яндекс.Метрика