Абӯюсуф китобҳои зиёде таълиф намуда, дар онҳо раъйи худ ва назариёти устодаш Имом Абӯҳанифаро (р) тадвин кардааст. Ибни Надим китобҳои таълифкардаи Абӯюсуфро ёдовар шуда, дар ин замина менависад: “Абӯюсуф дар усул ва амолӣ китобҳои зеринро таълиф намудааст: китоби “Салот ”, китоби “Закот”, китоби “Рӯза”, китоби “Фароиз”, китоби “Буюъ”(хариду фуруш), китоби “Ҳудуд”, китоби “Ваколат”, китоби “Васоё”, китоби “Сайд”, китоби “Забоиҳ”, китоби “Ғасб ва Истибро”, китоби “Ихтилоф –ул-амсор”, “Китоб ар-ради ало Молик ибни Анас”, “Рисолатун фи-л-хироҷ”, барои халифа Рашид, “Китоб ал-ҷавомиъ”, ки онро барои Яҳё ибни Холид навишт ва он шомили чиҳил китоб аст. Дар китоби мазкур ихтилофи мардум ва раъйи муътабарро зикр намудааст. Абӯюсуф инчунин дорпои имлое мебошад, ки онро Бишр ибни Валиди қозӣ ривоят кардааст. Имлои мазкур шомили шасту се китоб мебошад, ки ҳама дар баёни фуруъоти эшон аст”.
Он чӣ Ибни Надим зикр кардааст, ҳама китобҳои Абӯюсуфро шомил намебошад, чунки китобҳои дигаре низ аз ҷумлаи таълифоти ӯ маҳсуб мешаванд, ки Ибни Надим онҳоро зикр накардааст. Дар ин китобҳо андешаҳои Абӯҳанифа (р) ва дифоъ аз онҳо ривоят шудааст. Аз ҷумлаи ин китобҳо китобҳо китоби “Осор”, “Ихтилоф Ибни Абӯлайло” ва китоби “”ар-Раду ало сияр ал- Авзоъӣ” мебошанд.
Китоби “ал- Хароҷ” ба шакли рисола ба Рашид халифаи аббосӣ навишта шуда, дар он дар бораи молиёти давлат ва сарчашмаҳои он ва роҳҳои даромади давлат ба таври муфаассалу дақиқ баён гардида, ба Қуръон, ҳадисҳои Паёмбар (с) ва фатвоҳои саҳобагон истидлол шудааст. Аҳодисро ривоят ва иллатҳои онро истинбот намуда, амалҳои саҳобаро зикр ва матлаби лозимиро аз он истихроҷ карда, мухолифати саҳобаро дар тақдир ва андозагирӣ бар иллатҳо бино мекард. Дар баъзе ҳолатҳо тақдире мекард, ки мухолифи тақдири Умар буда, аз тақдири кардаи худ дар сурати ворид шудани эътирозоти тахминӣ дифоъ мекард. Ин як эътирози фарзӣ ва посухи онро зикр мекунем: “Аз Абӯюсуф пурсиданд - чаро чунин андеша кардӣ, ки аҳли хироҷ он чи ки заминаҳояшон ҳосил дода хурмою дарахту токзорҳояшон мева медиҳанд, ба миқдоре, ки васф намудаӣ, тақсим намоянд? Он тавре, ки Умар ибни Хаттоб (р) бар замин, хурмо ва дарахтонаш вазифаи хироҷ гузошта буд, барнагардондӣ? Ҳол он ки он масъулиятро ба душ гирифта, аз он розӣ буданд”. Абӯюсуф гуфт: “Умар (р) дар он вақт заминро бардошткунанда бар он чи бар он вазифа гузошта буд ёфт ва ҳангоми гузоштани вазифаи ҳароҷ бар он замин нагуфт, ки ин хароҷ барои аҳли он лозим ва ҳатмист ва барои ман ва хулафое ки баъд аз ман меоянд, манъ аст”. Балки ба Ҳузайфа ва Усмон ҳангоме, ки хабари он чи бар он маваззаф шуда буданд, аз замини Ироқ оварданд, гуфт: “Шояд, ки шумо заминро беш аз тоқаташ вазифаи хароҷро ҳамл кардед”. Ин гуфта, далолат бар он дорад, ки агар Ҳузайфа ва Усмон хабар медоданд, ки замин тоқати он масъулиятро надорад, ҳар ойина Умар (р) вазифаи хароҷро бар аҳли он кам мекард ва боз бар он далолат дорад, ки агар вазифаи гузоштаи онҳо ҳатмӣ мебуд, ки зиёду кам карданаш мумкин намебуд, ҳазрати Умар (р) аз бардошти замин ва аҷзи аҳли он намепурсид. Чигуна зиёду кам кардан ҷоиз нест, ки Усмон ибни Ҳаниф дар ҷавоб ба Умар (р)мегӯяд: “Заминро вазифае гузоштӣ, ки тоқат дорад ва агар хоҳӣ вазифаи замини маро зиёда кун”. Магар Умар (р) зикр накарда буд,ки фазлу зиёдатие гузоштааст, агар хоҳад онро гирад. Дар ҷавоб Ҳузайфа (р) мегӯяд: Бар замин вазифае гузоштӣ, ки бардошти онро дорад, лекин дар он чандон зиёдатие нест”.
Мутахассиси пешбари шӯъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.