(Дар ҳошияи мақолаи Эмомалӣ Насриддинзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), ки дар мақолаи худ таъкид кардаанд,
Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард.Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин омил давлату миллатамонро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт ва имрўз мо бо ифтихор ба истиқболи бистсолагии соҳибистиқлолиамон омодагӣ мегирем.Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муҷассамаи нишони давлатӣ, Душанбе, 25-уми августи соли 2011.
Минбаъд, барои таҳким ва такмили низоми давлатдорӣ, муайян намудани самтҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ҳамчун роҳнамои давлатдорӣ барои даҳсолаҳои оянда таҳия ва марҳала ба марҳала амалӣ мешаванд.
Паём,муҳимтарин ҳуҷҷати стратегӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ мебошад. Агар Паём натиҷаи дастоварди истиқлолияти давлатӣ бошад, дар навбати худ, Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро дар даврони истиқлолияти муайян менамояд.
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ қутбнамои фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб шуда, доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта буд. Дар баробари масъалаҳои дигар масъалаи ватандӯсту ватанпараст будани насли ҷавон, на танҳо дар Паём, балки дар дигар суханрониҳо мунтазам таъкид карда мешавад. Зеро ояндаи кишвар ба иродаву маҳорат ва ҳисси ватандўстии насли ҷавон вобастагии ҳамаҷониба дошта, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ пояи бақои давлат хоҳад буд.
Дар ҳошияи Паёми Сарвари давлат Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода мулоҳизаву бардоштҳои худро баён кардааст, ки масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ ва шарҳу тафсир қарор додааст.
Бояд таъкид намуд, ки дар сатҳи давлатӣ баррасӣ ва қабули як қатор санадҳо дар самти таҳкими ватандўстӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ масъалаи нав набуда, ҳар як давлат вобаста ба талаботи худ ин масъалаҳоро дар ин ё он шакл мавридӣ баррасӣ ва роҳи дурусти амалкарди онҳоро тарҳрезӣ мекунад.
Аз ин рў, таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давраи бархўрди манфиатҳо ва ба майдони сиёсӣ кашида шудани арзишҳои миллӣ ва динӣ хеле муҳим мебошад, зеро он боиси халалдор гардидани таносуби арзишҳо дар ҷомеа гардидааст.
Маҳз бо назардошти чунин вазъ масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.
Вале барои дар як чорчӯбаи муайян дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ниҳодҳои масъул дар ҷомеа зарурат пеш омад, ки он дар доираи як санади ҳуқуқӣ танзим карда шавад. Илова бар ин, чунончӣ аз суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар (ш. Душанбе, 21.05.2021) бармеояд, Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 сол ва зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.
Бо назардошти талаботи ҷомеа чунин як санади ҳуқуқӣ 24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Мутаассифона, дар раванди ҷаҳонишавӣ бархўрди фарҳангҳо як падидаи муқаррарӣ гардида, таҳмили арзишҳои нав ба ҷомеаи анъанавӣ ҳамчун протсеси демократикунонӣ муаррифӣ мегарданд. Арзишҳои нав пеш аз ҳама меҳвари аслии арзишҳои ахлоқиро шикаста, ҷойи онҳоро бо унсурҳои бегона пур мекунанд. Истодагӣ намудан дар муқобили чунин тӯфони маънавӣ хеле мушкил аст. Ягона роҳи истодагарӣ дар муқобили ин падидаҳо дуруст дарк кардани мафҳуми ватан, худӣ ва ташаккул додани тафаккури худшиносии миллӣ аст. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании кишварро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.
Ба ақидаи Лоиқ Ватан онест, ки тифлро баробари модар ба оғӯш мегирад ва ватандор бо ҳазор риштаҳои аёну ноаён бо Ватан пайваст аст:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Имрўз тамоми қишри ҷомеа новобаста аз касбу кор ва ҷаҳонбинӣ бояд дарк кунанд, ки дастовардҳои истиқлол қабл аз ҳама ба кору фаъолияти содиқонаву софдилонаи мо ва эҳсоси ватандӯстӣ ва дарки масъулияти мо дар назди миллат вобастагӣ доранд. Таърих собит намуд, ки ҳеҷ кас барои мо на нияти давлатсозӣ карда буд ва на дар ҳифзи мероси маънавии мо саъю кўшише кардааст. Танҳо ҳар як сулолаи бар сари қудрати сиёсӣ омада танҳо то куҷое тавонист мардумро аз пайванди решагӣ бо ватан ва мероси миллӣ дур кунад.
Бинобар ин, рў овардан ба масъалаи мазкур зарурати воқеии ҳаёти ҷомеа буда, таҳкими он бақои ояндаи миллат аст. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, хосса наврасону ҷавонон, як қатор санадҳои муҳим: Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инак, қабули ду санади муҳимму стратегии дигар дар ин самт дар соли 2022 — «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»қабул кард.
Аммо дар заминаи қонуни алоҳида таҳия намудани раванди ташаккул ва рушди раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон хеле ба маврид ва саривақтӣ буда, шарҳи мафҳумҳои асосии қонун имконият медиҳанд, ки мардуми касбу кор ва қишрҳои гуногуни ҷомеа новобаста аз самти фаъолиташон моҳияту мазмуни қонунро хубтар дарк мекунанд.
Чуноне, Эмомалӣ Насриддинзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар хулосаи мақолаи худ таъкид кардаанд, зикр намудан ба мавридаст: Илҳоми мо, эътимоди мо, иттиҳоди мо, ғайрату шуҷоати мо маншаъ дар боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки дар Паёми ояндаафрӯзашон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) илқо шуд: «Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд».
Агар вазифаи худро дар назди миллат ва Ватан иҷро кунем, умеди мо ба ояндаи неки Ватан татбиқи амалии худро хоҳад ёфт.
Котиби илмии Марказ – Маҳрамбеков М.