Асосҳои ҳуқуқии ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ

Яке аз нишонаҳои барҷастаи ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар сатҳи Конститутсияи кишвар сабт гардидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамзистии ду фарҳанги зикршуда мебошад. Андешаи дар моддаи 8 - и Конститутсия зикршуда «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад» ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳам фарҳанги дунявӣ ва ҳам фарҳанги динӣ баробарарзиш буда, дар шафати ҳамдигар бидуни доштани мақоми афзалиятнок дар муқобили якдигар фаъолият менамоянд. Ба қавли дигар, қонуни асосии кишвар худ ҳамзистии фарҳангҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳангҳои дунявию диниро на танҳо ҷоиз, балки шакли пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ ба қалам медиҳад. Ҳадафи мазкур, яъне ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ, махсусан, дар моддаи 26-уми боби 2- Конститутсия боз ҳам равшантару возеҳтар баён ёфтааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Тибқи моддаи мазкур шахс метавонад ҳар динеро, ки хоҳад пайравӣ намояд. Шахс метавонад ҳатто бедин, яъне атеист бошад, касе ҳақ надорад, ки вайро гунаҳгор ҳисобад. Шахс метавонад ин ё он маросими диниро иҷро кунад ва ё накунад, касе ҳақ надорад, ки вайро таънаю сарзаниш намояд. Мувофиқи моддаи мазкур тарғиби гаравидан ба дин тавассути ишора ба ҷанбаҳои ахлоқии дин ҷоиз аст, аммо зимни тарғиби гаравидан набояд ба омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, гумроҳнамоӣ ва дигар усулҳои ғайриоқилона такя намуд. Аз мундариҷаи моддаи мазкур бармеояд, ки зимни ба қабули дин даъват намудан набояд ба таҳқири дину оинҳои дигар роҳ дод. Чунки амали мазкур боиси  барангехтани ихтилоф ва хусумату бадбинӣ дар байни аҳли ҷомеа мегардад. Чӣ хеле ки мебинем, боби мазкур сароҳатан озодии шахсро дар қабул намудан ё рад намудани дин таъкид намудааст, ки ин яке аз талаботҳои асосии принсипи дунявият маҳсуб меёбад. Дар боби мазкур ҳамзамон таъкид мегардад, ки намояндаи ҳеҷ як фарҳанг - хоҳ фарҳанги динӣ, хоҳ дунявӣ ҳақ надорад, ки тарафи муқобилро барои  диндор будан ва ё диндор набудан таҳқир намояд, ки ин нишондод низ яке аз омилҳои хеле хуб ва натиҷабахши таъмини ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, дар боби мазкур мо асосҳои ҳуқуқии ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва диниро хеле барҷаста мушоҳида менамоем. Ин маънои онро дорад, ки ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар сатҳи Конститутсияи кишвар низ  заминаҳои қавӣ ва боэътимоди ҳуқуқӣ дорад. 

Зарурат ба таъкид аст, ки асосҳои ҳуқуқии ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ инчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки 26.03.2009 қабул шудааст, боз ҳам муфассалтар баён ёфтаанд. Дар муқаддимаи қонуни мазкур оварда шудааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун,  новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад». Агар ба мундариҷаи андешаи баёнгардида таваҷҷуҳ намоем, мо дар он чанд омили хеле муҳимеро мушоҳида менамоем, ки онҳо воқеан ҳам шароити ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва диниро амалан муҳайё менамоянд. Ин омилҳо иборат мебошанд: 

эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин;

баробарии ҳама дар назди қонун новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод;

таъкид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати дунявӣ;

арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо;

эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон. 

Бояд таваҷҷуҳ намуд, ки тибқи «Муқаддима»-қонуни зикршуда тамоми дину мазҳабҳо баробар буда, ба ҳеҷ яке аз онҳо авлавият дода намешавад. Аммо нақши мазҳаби ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқ эътироф гардидааст, зеро аҳолии кишвар ҳанафимазҳаб буда, муайянкунандаи фарҳанги ў ҳисоб меёбад.  Дар андешаи баёнгардида ғайр аз эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ боз “Давлати дунявӣ” будани Тоҷикистон зикр шудааст. Ин маънои онро дорад, ки худи қонунгузории ҶТ, ки моҳияти дунявӣ дорад, ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва диниро расман ҷоиз шуморида, модели тоҷикии дунявиятро рўи кор овардааст. Ҳамин тариқ, панҷ омили зикршуда дар якҷоягӣ шоҳсутунҳои сиёсию фарҳангии ҷомеаи имрўзаро поягузорӣ намудаанд, ки дар болои онҳо ду фарҳанг – фарҳанги дунявию динӣ дар заминаи созишу муросо бо ҳуқуқу имкониятҳои баробар фаъолият менамоянд. 

Яке аз хусусиятҳои муҳим ва назарраси ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ, ки дар инфиродӣ будани муносибати шахс ба дин ифода меёбад, дар банди чоруми моддаи чоруми Қонуни мазкур таъкид шудааст. Моддаи мазкур чунин садо медиҳад: «Ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад. Шахс ҳангоми муайян кардани муносибати худ ба дин, ба пайравӣ ё дасткашӣ аз пайравии дин, ба иштирок кардан ё накардан дар ибодати динӣ, дигар расму оин ва маросими динӣ, дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, дар таълими дин маҷбур карда намешавад». Моддаи мазкур ба сатҳи баланди таъмини озодии виҷдон дар кишвар далолат намуда, ҳамзамон шароити фаъолияти муросокоронаи ду фарҳанг-фарҳанги дунявӣ ва диниро аз лиҳози қонунӣ ба вуҷуд овардааст.

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика