❗️Зи доно бипурсид пас додгар,
Ки фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?
Чунин дод посух бад -ӯ раҳнамун,
Ки фарҳанг бошад зи гавҳар фузун.
Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад.
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.
Маёсой зи омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфкан дил андар гумон.
Яке нағз бози кунад рӯзгор,
Ки биншояд - пеши омӯзгор.
Чунин гуфт донанда деҳқони пир,
Ки дониш бувад мардро дастгир.
Ғаму шодмонӣ бибояд кашид,
Зи ҳар шӯру талхӣ бибояд чашид.
Ҷавонони донандаи богуҳар,
Нагиранд бе озмоши ҳунар.