Дар замони муосир, Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ, ба низоми ташаккули муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ниҳода, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро соҳиб гардид ва расман аз ҷониби тамоми давлатҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ нақшу нуфӯз доранд, эътироф ва шинохта шудааст.
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Зеро зуҳуроти мазкур ба оқибатҳои нохуш, яъне таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва ғайраҳо оварда мерасонад.






