Дар шароити рушди бемайлони илму техника ва ҷаҳонишивии фазои иттилоотӣ, новобаста аз ҳама гуна изтиробу ташвишҳо нисбат ба мақоми китоб дар асри ҷомеаи иттилоотӣ, имрӯз нақши китобу хониш дар раванди донишандӯзӣ ва маърифатноксозии афроди ҷомеа баланд арзёбӣ мегардад. Зеро ниёз нисбат ба андӯхти донишу маърифат ва боло бурдани сатҳи зеҳнии афроди ҷомеа пайваста меафзояд, иттилоот ва донишҳои қаблан андӯхта бо мурури замон арзиши қаблии худро аз даст медиҳанд. Чунин вазъият офарандагони китоб, махсусан, китоби дорои мазмуни илмӣ - техникиро водор месозад, ки роҳу воситаҳои нисбатан осону арзони дарёфти китобу иттилоот, шаклҳои муосири ҳифзу нигоҳдошт, интиқол ва истифодаи китобу иттилоотро пайдо кунанд. Аз ин нуқтаи назар «дар зери фишори пурқуввати технологияҳои электронӣ фарҳанги мутолиа низ дигаргун мешавад. Аз нигоҳи фалсафӣ «фарҳанги мутолиа» фазои муайян ва муҳити комилест, ки падидаи хониш онро баҳри мавзунияти ақлониву маънавии шахс фароҳам меорад».
Миллати тоҷик аз қадим ба китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Донишмандону адибони барҷастаи тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо асарҳои мондагору арзишмандашон кишвари моро муаррифӣ кардаанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва муборизаи фарҳангҳо роҳи наҷоту пешрафт рӯй овардан ба фарҳанги бою ғанӣ ва китоб мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл омада, ба мо мерос мондааст.
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба омӯзишу мутолиа дар мамлакати мо бештар гардид ва асарҳои зиёде таҳияву таълиф ва чоп шуданд. Гузашта аз ин, дар гӯшаву канори мамлакат ҳамасола китобхонаву марказҳои фарҳангӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дастрасӣ ба асарҳоро барои тамоми қишрҳои ҷомеа осон мегардонад.
Соли чорум аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад, ки ба дарёфти истеъдодҳои ҷавону лаёқатманд мусоидат мекунад. Озмуни мазкур тавонист дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи насли наврас ва умуман, тамоми қишрҳои ҷомеаро ба омӯзишу мутолиа бештар намояд. Ба андешаи инҷониб, озмуни мазкур метавонад, ки аз як тараф, таваҷҷуҳи насли наврасро ба омӯзишу мутолиа бештар намояд, аз ҷониби дигар, донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифати онҳоро баланд гардонад. Инчунин, онҳоро сухандону суханвар мегардонад.
Инъикоси озмуни ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», тавассути радио ва телевизон ба қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсири мусбат мерасонад, зеро тарзи баёну гуфтори довталабони кӯдакони хурдсол нишон медиҳад, ки онҳо ба маъниву дарки асарҳои хондаашон амиқ фурӯ рафтаанд ва ҳадафу ғояи адибонро хуб маърифат кардаанд. Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо аз мо масъулияти бештареро талаб менамояд то роҳҳои шавқманд намудани мардумро ба китобхонӣ ва фарҳанги мутолиа ҷалб намоем, зеро ин омил имкон фароҳам меорад, то насли ватандӯсту хештаншиносро ба камол расонем.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон