Паём - таҳкимбахши маънавиёти ҷомеа

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи илму маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башаррӣ роҳандозӣ карда шудааст. Махсусан, Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш нисбати ин масъала таваҷҷуҳи хоса  зоҳир намуда, соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои асосии рушду инкишофи кишвар ҳисобида, нисбати ин самти афзалиятноки ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2001 то ба имрӯз, яъне 21 маротиба натиҷаи фаъолияти давлату ҳукуматро тавассути Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудааст, ки дар ҳар як Паём дастовардҳои хеле муҳим зикр карда мешванд. Албатта ҳар як Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва барномаи рушд дар ҳамаи соҳаҳои кишвар ва махсусан дар соҳаи маориф нақши муосир ва ҳалкунанда дорад, зеро Пешвои миллат дар ҳар як Паём дастовардҳо ва вазифаҳои муҳим ва заруриро барои солҳои минбаъда бозгӯи менамояд.

 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар ва махсусан дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.  Тадбирҳои амалигардида махсусан дар соҳаи маориф барои халқи тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол возеҳу равшан аст. Масалан, дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Тавре дар Паём ироа карда шуд, дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Дигар тадбирҳои амалигардида, ки аз Паёмҳои солҳои гузаштаи Президенти мамлакт ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ин эълон намудани солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф», озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки имрӯз хурду бузурги кишвар дар ин озмӯнҳо иштирок намуда, як қатор чеҳраҳои нав дар самти адабиёти миллӣ кашф шуданд. Дигар аз тадбирҳои амалишудаи муҳим дар соҳаи маориф ин масълаи музди меҳнати кормандон, омӯзгорон ва стипендияи донишҷӯён мебошад, ки ҳар сол баланд бардошта мешавад. Гӯвоҳи ин гуфтаҳо дар Паёми охирини Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Ҳамчунин, Президенти мамлакат зимни ироаи Паём имконияти васеи дастрасии аҳли ҷомеаро ба таҳсил таъкид намуда, қайд карданд, ки Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Яъне бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии калон дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

 

Қурбоншоев Илҳом Ҷумахонович 

Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика