Номи НИЗОМӢ зи сухан тоза бод!

Ҷунбиши аввал, ки қалам баргирифт
Ҳарфи нахустин зи сухан даргирифт.
Пардаи хилват чу барандохтанд,
Ҷилваи аввал ба сухан сохтанд.
То сухан овозаи дил дарнадод,
Ҷон тани озода ба гил дарнадод...
Тоҷварон тоҷвараш хонданд,
В-он дигарон он дигараш хонданд...
Аз сухани тозаву зарри куҳан,
Гуфт: Чӣ беҳ? Гуфт: Сухан беҳ, сухан!
Садрнишинтар зи сухан нест кас,
Давлати ин мулк суханрост бас.
То сухан аст, аз сухан овоза бод,
Номи Низомӣ зи сухан тоза бод!

Бознашр аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

Яндекс.Метрика