ГУЛШАНИ АДАБ

АЛВИДОЪ

Эй маҳи хоси Худо, моҳи сафо,
Моҳи меҳру шафқату лутфи Худо.
Рӯзу шаб пайваста дорем илтиҷо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

Меравад моҳи шариф аз ҷамъи мо,
Мешавад моҳи сахо аз мо ҷудо,
Тоқати ҳиҷраш надорем, ай Худо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

Моҳи файзу моҳи эҳсону сахо,
Моҳи раҳмат моҳи авфи ҳар хато.
Аз самими қалб месозем дуъо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.

"РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ"

Дар таърихи насри ирфонии форсу тоҷик чандин осори мӯътабаре мақом ва ҷойгоҳи хосе доранд, ки миёни онҳо "Рисолаи қушайрия" аз ҷумлаи таълифоти муҳимми насри сӯфиён ба шумор меравад.

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!
Дидӣ ҳунари хӯрдан? Бингар ҳунари Рӯза!

Он шоҳи дусад кишвар тоҷет ниҳад бар сар
Барбанд миён зудтар, к-омад камари Рӯза!

З-ин олами чун сиҷҷин барпар сӯйи ъаллийин,
Бистон назари ҳақбин зуд аз назари Рӯза!

Эй нуқраи боҳиммат дар курраи ин муддат
Оташ кунадат хидмат андар шарари Рӯза!

Рӯза нами Замзам шуд, дар Исии Марям шуд
Бар торуми чорум шуд, ӯ дар сафари Рӯза!

Ку пар задани мурғон? Ку парри малак, эй ҷон?
Ин ҳаст пари чина! Он ҳаст пари Рӯза

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,
Пештар з-он, ки шавад косаи сар хок андоз.

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё, ғулғула дар гунбади афлок андоз!

Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз оинаи пок андоз!

Ба сари сабзи ту, эй сарв, ки гар хок шавам,
Ноз аз сар биниҳу соя бар он хок андоз!

Дили моро, ки зи мори сари зулфи ту бихаст,
Аз лаби худ ба шифохонаи тарёк андоз!

Мулки ин мазраа донӣ, ки суботе надиҳад,
Оташе аз ҷигари ҷом дар амлок андоз!

"Тазкирату-л-авлиё"-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Шайх Аттори Нишопурӣ (1145-1221) дар таърихи адабиёт на танҳо чун орифи номвар, балки яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти сӯфия ва муаллифи осори фаровони ирфонӣ шинохта шудааст.

Як чанд ҳадисе дар бораи моҳи шарифи Рамазон

Бастем дари дўзах, яъне тамаъи хўрдан,

Бикшой дари ҷаннат, яъне ки дили рўшан.

То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ,

Рав ҷону ҷаҳон ҷўй, эй ҷону ҷаҳони ман!

Мавлоно

 

Ахлоқ!

Рӯзе аз донишманди риёзидон назарашро дар бораи зан ва мард пурсиданд.
Ҷавоб дод:
Агар зан ё мард дорои (ахлоқ) бошанд, пас баробар ҳастанд бо адад як =1
Агар дорои (зебоӣ) ҳам бошанд пас як сифр, баъди адади як мегузорем =10
Агар (пул) ҳам дошта бошанд, дуто сифр, баъди адади як мегузорем =100
Агар дорои (аслу насаб) ҳам бошанд, пас се то сифр баъди адад як мегузорем =1000
Вале агар замоне адади як рафт (ахлоқ) чизе ба ҷуз сифр боқӣ намемонад ва сифр ҳам ба танҳоӣ ҳеҷ нест, пас он инсон ҳеҷ арзише нахоҳад дошт!

НАСИҲАТ ГӮШ КУН ҶОНО....

Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва инсонпарвариву зебоишиносӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ нақши намоён гузоштааст, Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1320-1389) мебошад.

Дар ҳақиқат шеъри Ҳофиз хазинаи панду ҳикмати рангин, сафинаи лутфу мавъизаи ширин ва ганҷинаи маъонии оёти қуръониву аҳодиси набавӣ мебошад.
Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд,
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.

Бале, шеъри Ҳофиз имрӯз ҳам равшангари чароғи маҳфилҳост.

Страницы

Яндекс.Метрика