ГУЛШАНИ АДАБ

Хок бар сар нафси нофарҷомро!

❗Соқиё бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро.
Соғари май бар кафам неҳ то зи бар,
Баркашам ин далқи азрақ фомро.
Гар чи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дар деҳ чанд аз ин боди ғурур,
Хок бар сар нафси нофарҷомро.
Дуди оҳи синаи нолони ман,
Сухт ин афсурдагони хомро.
Маҳрами рози дили шайдои худ,
Кас намебинам зи хоссу омро.
Бо дилороме маро хотир хуш аст,
К- аз дилам як бора бурд оромро.
Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар ки дид он сарви сим андомро.

Қуввати Афранг аз илму фан аст

Шарқро аз худ барад тақлиди Ғарб,
Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларўст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи муст.
Маҳкамӣ ўро на аз лодинӣ аст,
Не фурўғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати Афранг аз илму фан аст,
Аэ ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеъи илму ҳунар аммома нест.
Илму фанро, эй ҷавони шўхшанг,
Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.
Андар ин раҳ ҷуз нигаҳ матлуб нест,

Оҳ аз ин савдогарони динфурӯш.

Воизон ҳам сӯфиён мансабпараст
Эътибори миллати байзо шикаст
Воизи мо чашм бар бутхона дӯхт
Муфтии дину мубин фатво фурӯхт
Мешавад ҳар мӯйдарозе хирқапӯш,
Оҳ аз ин савдогарони динфурӯш.
Воизи дастонзани афсонабанд,
Маънии ӯ паст ҳарфи ӯ баланд
Аз хатиби дайламӣ гуфтори ӯ
Бо заифу шозу мурсал кори ӯ
Воизанд дар масчиду фарзанди ӯ дар мадраса,
Он ба пири кудаке, ин пир дар аҳди шабо!

✍️Муҳаммадиқбол Лоҳурӣ.

Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

ШАҒОЛ ВА ИДДАОИ ТОВУСӢ

✍Шағоле даруни хумрае аз рангҳои гуногун меравад; ва чун берун меояд, пӯстинаш рангину барроқ гашга буд.
Ҳамин амр мӯҷиби ғуруру худнамоии ӯ шуд. Ӯ ба дигар шағолҳо фахр мефурӯхт, ки оре, ман як товуси биҳиштиам, на шағол.
✍Шағолон, ки даъвои товус аз он шагол шуниданд, гуфтанд: Аз нишот аз мо карона кардаӣ, Ин такаббур аз куҷо овардаӣ? Шаголҳо газофу бепоя будани даъвои он шағолро хуб дарёфта буданд ва ба сухани ӯ вақъе намениҳоданд. Ва
ба ӯ мегуфтанд: -Ҳоло, ки ранги товуси гулистон ба худ бастаӣ, оё бонги товусро низ дорӣ ё ҳамчунон зуза

Ҳасани Басриро пурсиданд:

Ҳасани Басриро пурсиданд: сирри зуҳдат аз дунё чист?
Гуфт:
- донистам, ки касе ризқамро гирифта наметавонад дилам ором шуд.
- донистам, ки касе амали манро намекунад ба он машғул шудам.
- донистам, ки Худоям аз ҳама корам бохабар аст шарм доштам, ки гуноҳ кунам.
- донистам, ки марг дар интизорам аст, тӯшаамро барои дидори Худоям омода кардам.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Андарзҳои Амир Кабир

Агар нияти яксола доред гандум бикоред.
Агар нияти даҳсола доред дарахт бикоред.
Агар нияти садсола доред одам тарбият кунед!

Баргардон аз форсӣ

Тадвинкунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Абу алӣ Ибни Сино

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,
Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард.

В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе,
Ҳама қудурати дилро сафо тавони кард.

Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,
Нузул дар ҳарами кибриё тавонӣ кард.

В-агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,
Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард.

Валекин ин амали раҳравони чолок аст,
Ту нозанини ҷаҳонӣ, куҷо тавонӣ кард?

На дасту пои амалро фурў тавонӣ баст,
На рангу бўи ҷаҳонро раҳо тавонӣ кард.

Ид омаду Ид омад в-он бахти саъид омад

Ид омаду Ид омад в-он бахти саъид омад,
Баргиру дуҳул мезан, к-он моҳ падид омад.

Ид омад, эй Маҷнун, ғулғул шунав аз гардун,
К-он мӯътамиди Садра аз Арши маҷид омад.

Ид омад раҳҷӯён, рақсону ғазалгӯён,
К-он қайсари маҳрӯён з-он қасри машид омад.

Сад маъдани доноӣ маҷнун шуду савдоӣ,
К-он хубию зебоӣ бе мислу надид омад.

З-он қудрати пайвасташ Довуди набӣ масташ,
То мум кунад дасташ, гар сангу ҳадид омад.

Ид омаду мо бе ӯ идем, биё, то мо,
Бар ид занем ин дам, к-он хону сарид омад.

Страницы

Яндекс.Метрика