ГУЛШАНИ АДАБ

Зиндагиномаи Муҳаммад ибни Мӯсо Ал Хоразмӣ

Аслан эронинажод будааст. Аз ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — шаҳри Бағдод рафт. Дар он ҷо ба Байтулҳикмаи Маъмун дохил шуда, ҳамроҳи бисёр олимони табиатшиносу риёзидон ба фаъолияти илмӣ машғул шуд.

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,

Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!

Куртаи сабз ба бар карда зи нав кӯҳу камар,

Чун арӯсон шуда ҳар шохаи гул тозаву тар.

Марди деҳқон ба замин донаи армон пошад,

Сар кашад донаи афтода ба уммеди самар.

Боз аз хоб табиат шуда бедор имрӯз,

Некдошти устод Сотим Улуғзода

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» нисбат ба Сотим Улуғзода чунин изҳори андеша намудаанд:

«Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад.

Гар хуфтаӣ бедор шав, мастӣ макун ҳушёр шав...

❗Гар хуфтаӣ бедор шав, мастӣ макун ҳушёр шав, Бар даргаҳи Ҷаббор шав, эй дил, даме бедор шав! Бо дил бигуфтам ҳар саҳар, эй аз қиёмат бехабар, Бархезу бар олам нигар, эй дил, даме бедор шав! Бархез вақти субҳудам, дар роҳи масҷид мон қадам, То шод бошӣ рӯзи ғам, эй дил, даме бедор шав! Бархезу кори худ бисоз, роҳат чу дур асту дароз, Аз молу мулки худ маноз, эй дил, даме бедор шав! Ин молу мулки ин ҷаҳон, судат надорад он замон, Лек дармони ба ҷон, эй дил, даме бедор шав! Чандин ҷавонон нозанин, рафтанд дар зери замин, Бовар надорӣ рав бубин, эй дил, даме бедор шав!

Зан конуни пурнур ... ва чашмаи бахшиш аст!

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст.
Иқболи Лоҳурӣ

Рӯзи Модар, муборак!

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Рӯзат муборак Модар!

То абад дар авҷи қудрат зистан,
Мулки ҳастиро мусаххар доштан.
Бар ту арзонӣ, ки моро хуштар аст
Лаззати як лаҳза модар доштан.
Фаридун Муширӣ

Шукри буданат, модар!
Рӯзат муборак!

Масъули сомона: Абдуллоҳи Қодирӣ

Конфутси мегӯяд : агар панҷ мавриди зерин риоят шаванд, ҳама чиз хуб пеш меравад

Конфутси, ҳаким ва сиёсатмадори чинӣ, қарни панҷуми қабл аз мелод, ки ба унвони панҷумин шахсияти таъсиргузори таърих шинохта мешавад, панҷ мавриди зерро давои дарди тамоми робитаҳо медонад, ки агар риоят шаванд, ҳама чиз хуб пеш меравад:

● Меҳрубонӣ дар робитаи миёни падару писар

●Лутфи бародари бузургтар ба бародари кӯчактар ва тавозӯи бародари кӯчактар дар муқобили бародари бузургтар

● Адолати шавҳар бо зан ва итоати зан аз шавҳар

● Алоқамандии забардастон ба зердастон ва итоати зердастон аз забардастон

Зиндагиномаи Баҳоуддини Нақшбанд

Солҳои 1318 дар оилаи форс - тоҷик ва дар маҳаллаи «Қасри Орифон»-и Бухоро таваллуд шудааст. Хонаводаи Баҳоуддини Нақшбанд ба нақш бастани нақшҳои мусаввар дар порчаҳои кимхоб машғул буда, аз ҳамин сабаб касби нақшбанд ба вай мансуб будааст. Баҳоуддини Нақшбанд ба деҳқонӣ низ шуғл дошта, дар замини худ ҷаву мош кишт мекард.

Страницы

Яндекс.Метрика