✍Шағоле даруни хумрае аз рангҳои гуногун меравад; ва чун берун меояд, пӯстинаш рангину барроқ гашга буд.
Ҳамин амр мӯҷиби ғуруру худнамоии ӯ шуд. Ӯ ба дигар шағолҳо фахр мефурӯхт, ки оре, ман як товуси биҳиштиам, на шағол.
✍Шағолон, ки даъвои товус аз он шагол шуниданд, гуфтанд: Аз нишот аз мо карона кардаӣ, Ин такаббур аз куҷо овардаӣ? Шаголҳо газофу бепоя будани даъвои он шағолро хуб дарёфта буданд ва ба сухани ӯ вақъе намениҳоданд. Ва
ба ӯ мегуфтанд: -Ҳоло, ки ранги товуси гулистон ба худ бастаӣ, оё бонги товусро низ дорӣ ё ҳамчунон зуза
мекашӣ? Бад-ин сон расвову беобрӯ гардид.
Ин ҳикоят нақди ҳоли муддаиёии ёвагуст, ки илме надоранд, аммо худро олим менамоёнанд, ё камоле
надоранду худро комил нишон медиҳанд ва дар зумраи авлиё қарор медиҳанд:
Гармӣ они авлиёву анбиёст,
Боз бешармӣ паноҳи ҳар дағост.
К-илтифоти халқ, суйи худ кашанд,
Ки хушему аз дарун бас нохушанд.
Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ
Аз саҳифаи Таърих ва осори ниёгон