Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,
Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард.
В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе,
Ҳама қудурати дилро сафо тавони кард.
Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,
Нузул дар ҳарами кибриё тавонӣ кард.
В-агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,
Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард.
Валекин ин амали раҳравони чолок аст,
Ту нозанини ҷаҳонӣ, куҷо тавонӣ кард?
На дасту пои амалро фурў тавонӣ баст,
На рангу бўи ҷаҳонро раҳо тавонӣ кард.
Чу Бўалӣ бибур аз халқу гўшае бигрез,
Магар, ки хўи дил аз халқ во тавонӣ кард.
Аз саҳифаи бузургон ва ҳакимони форсӣ
Гирдоварандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ