ГУЛШАНИ АДАБ

Сухани ибни Сино дар мавриди варзиш ва тамринҳои баданӣ!

Сухани ибни Сино дар мавриди варзиш ва тамринҳои баданӣ!

Касе, ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад ба ҳеч доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст.

Таҳиякунанда: А. Қодирӣ

Дар Урупо замоне мактаби "Синогаройӣ" вуҷуд дошт

Замоне буд, ки дар Урупо мактаби "Синогаройӣ" вуҷуд дошт...

"Ибни Синогаройӣ" мактабе буд, ки дар қарни 16-и мелодӣ дар донишгоҳҳои Инглистон ва Фаронса нуфузи зиёде дошта ва дорад.

Бархе файласуфони барҷаста монанди Фома Аквинский, Роҷер Бэкон, Иоанн Дунс Скот таҳти осори Ибни Сино буданд.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Алберт Эйнштейн:

Алберт Эйнштейн:

Дин бидуни илм кӯр аст ва илм бидуни дин ланг.

Ҳеч коре барои инсон сахттар аз фикр кардан нест.

А.Қодирӣ

Абуалӣ Сино:

Абуалӣ Сино:

Агар медонистед, ки як маҳкум ба марг ҳангоми муҷозот то чи ҳадд орзуи бозгашт ба зиндагӣ ро дорад, он гоҳ қадри рӯзҳоеро, ки бо ғам сипарӣ мекунед, медонистед.

Таҳиякунандаи мавод:
А.Қодирӣ

ҒАЗАЛҲОИ САЙИДОИ НАСАФӢ

Зи рашки кулбаи ман каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшиву мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардиву парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтодаст?
Май аз хум то барояд, шишаву майхона месӯзад.
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфу шона месӯзад.
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,

Қиссаи Обид ва марде, ки кафшаш дуздида шуд

Марде назди фақеҳе рафт ва гуфт эй обид суоле дорам, обид гуфт бигӯ.
Гуфт: намози худамро шикастам. Обид гуфт далелаш чи буд?

Мард гуфт: ҳангоми иқомаи намоз дидам дузде кафшҳоямро рабуд ва фирор кард бар-он шудам, ки намоз бишканам ва кафшамро аз дузд бигирам.
Ва ҳоло мехоҳам бидонам, ки корам дуруст аст ё нодуруст?

Обид гуфт: кафши ту чанд дирҳам қимат дошт?
Мард гуфт: 5 дирҳам

Обид гуфт: эй мард кори баҷо ва писандидае кардаӣ, зеро намозе, ки ту мехондӣ 2 дирҳам ҳам намеарзид!

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

‼️АЗ ГУФТАНИ НОХУБ НИГАҲ ДОР ЗАБОНРО‼️

❗Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сўи хеш зиёнро,
Аз гуфтани нохуб нигаҳ дор забонро.
Гуфтор зиён аст, валекин на мар-онро,
То суд ба як сў ниҳӣ аз баҳри зиёнро.
Гуфтор ба ақл аст, киро ақл надоданд,
Мар-гову хару астару дигар ҳаявонро.
Мардум, ки сухан гўяд, з-он аст, ки дорад
Ақле, ки падид орад бурҳону баёнро.
Пас, баччаи ақл омада гуфтору назебад,
Ки баччаи ақли ту забон дорад ҷонро.
Ҷону хирад аз амри Худоянду ниҳонанд,
Пайдо натавон кард мар-ин ҷуфти ниҳонро.
Тан ҷуфти ниҳон асту ба фармон-т равон аст,

"Диндоритонро ба Худо нишон диҳед, на ин ки ба рухи якдигар бикашед".

Ин тасвири як вилгард (ҳарзагард, бекора) ва ё гадо нест, балки тасвири ғӯли адабиёт ва мутафаккири Русия ва ҷаҳон, "Лев Толстой" аст.
Ӯ дорои сарвати ҳангуфт ва заминҳои густурдае буд, ки ҳамаро ба бенавоён бахшид ва дарвешона зиндагӣ кард.
Ӯ чи зебо мегуфт:
"Бо ман аз дин сӯҳбат накунед, балки бигузоред динро дар кирдори шумо бубинам".
Ӯ мегуфт:
"Диндоритонро ба Худо нишон диҳед, на ин ки ба рухи якдигар бикашед".

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика