ГУЛШАНИ АДАБ

Рӯзе орифе, мардумро ба даври худ ҷамъ карда буд...

روزی عارفی، مردم را به دور خود جمع کرده بود و از خدا برایشان سخن میگفت برایشان از شریعت و طریقت و معرفت و حقیقت سخن می گفت.

او مردم را آماده می‌کرد برای پاسخ به سوال‌هایی که حضرت حق از آنها در مورد حیات‌شان، در مورد دوستی‌هایشان، در مورد عبادت هایشان، نماز و روزه‌هایشان و... خواهد پرسید

درویشی که از آنجا می گذشت
رو به جماعت کرد و گفت:

حضرت حق این همه را نمی پرسد
فقط یک سوال می‌پرسد و این است:

من با تو بودم تو با که بودی؟

گرداورنده: عبدالله قادری

Ҳикоят

Рӯзе Абурайҳони Берунӣ ба шогирдонаш дарс мегуфт, ки хунрез ва қотиле пой ба маҳалли дарсу баҳс ниҳод...
Шогирдон бо хашм ба ӯ менигаристанд ва дар дил ҳазор дашном ба ӯ медонанд, ки чаро музоҳими омӯхтани онҳо шудааст.

Он марди русво рӯйи ба Ҳаким намуда чанд суоли сода карду рафт ...
Фардои он рӯз, шоъири мадеҳасароӣи дарбор пой ба маҳалли дарс гузорида то суоле аз Ҳаким бипурсад. Шогирдон ба эҳтиромаш бархостанд ва ӯро мушояъат (ҳамроҳӣ) намуда то ба пойи сандалии устод бирасад. Ки диданд аз устод хабаре нест, ҳар тарафро назар карданд асаре аз устод набуд ...

Дар гулистон булбулу дар анҷуман парвона бош

❗Дар гулистон булбулу дар анҷуман парвона бош,
Ҳар куҷо доми тамошое, ки бинӣ, дона бош.
Домани ҳар гул магиру гирди ҳар шамъе магард,
Толиби ҳусни ғарибу маънии бегона бош...
То шавӣ чашму чароғи ин ҷаҳон чун офтоб,
Пӯшиши ҳар тангдасту фарши ҳар вайрона бош.
Сӯҳбати шабҳои майхорон надорад бозгӯ,
Чун зи маҷлис меравӣ берун, лаби паймона бош.
Мо забони шикваро дар сурма хобонидаем,
Эй сипеҳри бемурувват, дар ҷафо мардона бош.
Хазри роҳи растагорӣ дил ба даст овардан аст,
Дар мазоқи кӯдакон ширинии афсона бош.

Рафтагон рафтанд, фикри мондагон бояд кунем!

Рафтагон рафтанд, фикри мондагон бояд кунем,
Дар мақоми сабр худро имтиҳон бояд кунем.
Остони худ надида осмон ҷустем чанд,
Остони пасти худро осмон бояд кунем.
Чанд менолӣ, ки миллат пир шуд, чун боғбон
Ин дарахти пир пайванди ҷавон бояд кунем.
Хушк шуд дарёи мо, то рафт бар шохобҳо,
Боз аз ин шохобҳо баҳри дамон бояд кунем.
Тоҷ дар осорхона, як сари шоиста нест,
Як сари шоистаи тоҷи каён бояд кунем.
Сарзамини ориён чун суфраи сагкандаест,
Суфраро озод аз чанги сагон бояд кунем.

ШАБЕ ПЕШИ ХУДО БИГРИСТАМ ЗОР...‼️

Ба он боле, ки бахшидӣ, паридам,
Ба сӯзи нағмаҳои худ тапидам.
Мусалмоне, ки марг аз вай биларзад,
Ҷаҳон гардидаму ӯро надидам.
Шабе пеши Худо бигристам зор:
«Мусалмонон чаро зоранду хоранд?»
Нидо омад: - «Намедонӣ, ки ин қавм
Диле доранду маҳбубе надоранд».
Нагӯям аз фару фоле, ки бигзашт,
Чӣ суд аз шарҳи аҳволе, ки бигзашт.
Чароғе доштам дар синаи хеш,
Фусурд андар дусад соле, ки бигзашт.
Нигаҳбони Ҳарам меъмори Дайр аст,
Яқинаш мурдаву чашмаш ба ғайр аст.
Зи андози нигоҳи ӯ тавон дид,

Айби касеро наҷӯед!!!

Дар назди пирон ҳушёр бошед ва суханони сазоворро гӯед.

Бори худро ба гардани каси дигар нагузоред.

Бо одами бадфеъл дӯст нашавед.

Сухани ҳақро бузург ҳисоб кунед.

Саховатмандиро ба одати худ табдил диҳед.

Аз тамаъкорӣ дурӣ ҷӯед.

Бо сафсатагӯйҳо сӯҳбат накунед.

Аз одамони шариф кӯмак пурсед.

Корҳои некро аз дигарон дареғ надоред.

Ба ваъда вафо кунед.

Онҳое, ки аз шумо умедворанд, ноумед накунед. Айби касеро наҷӯед.

Бо дӯстони вафодор алоқаро наканед.

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

Ҳама кас толиби ёранд, чӣ хушёру, чӣ маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаъӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.

Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хубасту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.

Донишманди аҳмақ агар...

Инсони аҳмақ чун касби дониш кунад, донишманди аҳмақ мешавад.

Мишел де Монтен (нависандаи фаронсавӣ)

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика