Рӯзе Абурайҳони Берунӣ ба шогирдонаш дарс мегуфт, ки хунрез ва қотиле пой ба маҳалли дарсу баҳс ниҳод...
Шогирдон бо хашм ба ӯ менигаристанд ва дар дил ҳазор дашном ба ӯ медонанд, ки чаро музоҳими омӯхтани онҳо шудааст.
Он марди русво рӯйи ба Ҳаким намуда чанд суоли сода карду рафт ...
Фардои он рӯз, шоъири мадеҳасароӣи дарбор пой ба маҳалли дарс гузорида то суоле аз Ҳаким бипурсад. Шогирдон ба эҳтиромаш бархостанд ва ӯро мушояъат (ҳамроҳӣ) намуда то ба пойи сандалии устод бирасад. Ки диданд аз устод хабаре нест, ҳар тарафро назар карданд асаре аз устод набуд ...
Яке аз шогирдон, ки аз оғоз чашмаш ба устод буд ва ӯро дунбол менамуд дар миёнаи кӯча пеши роҳи устодро гирифта ва пурсид:
Чи гуна аст, ки дирӯз одамкуше ба дидоратон омад посӯхи пурсишҳояшро гуфтед ва имрӯз шоъир ва нависандаи саршинос омада, маҳалли дарсро раҳо намудед?!
Абурайҳон гуфт:
Як бизеҳкор (гунаҳкор) танҳо ба худаш ва маъдуде латма мезанад, аммо як нависанда ва шоъири худфурӯхта кишвареро ба оташ мекашад.
Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ