‼️АЗ ГУФТАНИ НОХУБ НИГАҲ ДОР ЗАБОНРО‼️

❗Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сўи хеш зиёнро,
Аз гуфтани нохуб нигаҳ дор забонро.
Гуфтор зиён аст, валекин на мар-онро,
То суд ба як сў ниҳӣ аз баҳри зиёнро.
Гуфтор ба ақл аст, киро ақл надоданд,
Мар-гову хару астару дигар ҳаявонро.
Мардум, ки сухан гўяд, з-он аст, ки дорад
Ақле, ки падид орад бурҳону баёнро.
Пас, баччаи ақл омада гуфтору назебад,
Ки баччаи ақли ту забон дорад ҷонро.
Ҷону хирад аз амри Худоянду ниҳонанд,
Пайдо натавон кард мар-ин ҷуфти ниҳонро.
Тан ҷуфти ниҳон асту ба фармон-т равон аст,
Таъсир чунин бошад фармони равонро.
Фармони равон ҷону равон зӣ-т фиристод,
То бар дараш орӣ ба хирад ҷони равонро.
Гар қобили фармонӣ, доно шавӣ в-ар
Кардӣ ба ҷаҳаннам бадал аз ҷаҳл ҷинонро,
Зинҳор ба тавфиқ баҳона накунӣ, з-он-к
Мағрур надорӣ ба чунин хурд калонро.
Бишнос, ки тавфиқи ту ин панҷ ҳавос аст,
Ҳар панҷ ато з-Эзид мар-пиру ҷавонро:
Самъу басару завқу шаму ҳис, ки бад-ў ёфт
Ҷўянда зи ноёфтани хайр амонро.
Дидан зи раҳи чашму шунидан зи раҳи гўш,
Бўй аз раҳи бинӣ, чу маза кому забонро.
Панҷум зи раҳи даст ба совиш, ки бидонӣ
Нармиву дуруштӣ, чу зи хазз хори халонро
Маҳсус бувад, ҳарчи дар ин панҷ ҳис ояд,
Маҳсус мар-инро дон, маъқул ҷуз онро.
Ин панҷ дари илм, бидон, бар ту кушоданд,
То боз шиносӣ ҳунару айби ҷаҳонро.
Аҷсом зи аҷрому латофат зи касофат,
Тадвири заминрову тадовири замонро.
Аркону маволид бад-ў ҳастӣ доранд,
Таъсир басе машмар дар вай ҳадасонро.
Инро, ки ҳамебинӣ аз гармию сардӣ,
Аз таррию хушкию заифиву тавонро.
Гармои ҳузайронро, мар-сардии дайро,
Мар-абри баҳориро, мар-боди хазонро.
В-ин аз паи он нест, ки то нест шавад табъ,
В-ин нест араз толеъ илми Саратонро.
Қасди Даббирон нест сўи нестии ў,
Ёригари ў дон ба ҳақиқат Даббиронро.
Тартиби аносирро бишнос, ки донӣ,
Андозаи ҳар чизи макинрову маконро.
Мар-оташи сўзонро, мар-боди сабукро,
Мар-оби равонрову мар-ин хоки гаронро.
Аз илму амал ҳарчи туро мушкил афтад,
Шояд ки биёмўзӣ, эй хоҷа, мар-онро!
✍️Носири Хисрав.

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика