НАСИҲАТ ГӮШ КУН ҶОНО....

Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва инсонпарвариву зебоишиносӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ нақши намоён гузоштааст, Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1320-1389) мебошад.

Дар ҳақиқат шеъри Ҳофиз хазинаи панду ҳикмати рангин, сафинаи лутфу мавъизаи ширин ва ганҷинаи маъонии оёти қуръониву аҳодиси набавӣ мебошад.
Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд,
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.

Бале, шеъри Ҳофиз имрӯз ҳам равшангари чароғи маҳфилҳост.

Дар ин маҷмӯа панҷ саду панҷоҳ байти беҳтарини Ҳофизи Шерозӣ, ки фарогири насиҳату мавъизат мебошад ҷамъоварӣ карда шудааст. Умед бар он дорем, ки писанди хотири хонандагон мегардад.

Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басо беҳ
Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ.

Аз саҳифаи Саидҷон Амонов

Гирдоварандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика